“Ҳосилот”-и беҳосил Чаро Раҳматзода Рустам ба дастаи футболи Фархор таваҷҷуҳ намекунад?

«Ҳосилот» баъди дастаи «Равшан» бонуфузтарин дастаи футболи мамлакат ба шумор меравад. Ин даста соли 1980 бо иқдоми ҷавонони ғаюру сарбаланди ноҳия таъсис ёфта, беш аз 40 сол аст, ки дар майдони футболи тоҷик ҳунарнамоӣ мекунад.

Дар давоми фаъолияти худ соли 1991 дар мусобиқоти Лигаи 2-юми ИҶШС – минтақаи 7-уми Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон бомуваффақият ҳунарнамоӣ кардааст. Баъди бо комёбӣ анҷом додани рақобат дар ин мусобиқот ҳар як бозингари даста бо унвони фахрии Устоди варзиши ИҶШС сарфароз гардонида шуд, ки дар лавҳи хотири бозингарону мухлисони ин даста то абад боқӣ хоҳад монд.

Боиси зикр аст, ки даста дар солҳои 1993-1997 гоҳ дар Лигаи якум ва гоҳе дар Лигаи олӣ қувваозмоӣ менамуд. Соли 2003 даста бо номи «СКА – Хатлон» (Фархор) аз сари нав эҳё гашта, дар мусобиқоти Лигаи олӣ ширкат варзида, бо гирифтани мақоми 3-юм мушарраф гашт. Соли 2010 бошад, бо дастгирии роҳбарияти вақти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ҳайати нави даста интихоб гардид ва номи таърихии худро аз нав барқарор карду ҳамон сол дар Лигаи якуми футболи Тоҷикистон ҳунарнамоӣ намуд. Собиқадорони даста соли 2010-ро барои «Ҳосилот» соли тиллоӣ меноманд. Зеро бо омадани Қурбон Ҳакимзода ба ҳайси раиси ноҳияи Фархор бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ бо ва саҳмгузории соҳибкорон «Ҳосилот»-и овозадор дар як муддати кӯтоҳ дар майдони футбол мавқеи хосаро соҳиб гардид. Баъди ба кори дигар гузаштани Қурбон Ҳакимзода Раъно Раҳимзода ба ҳайси раиси ноҳияи Фархор ба кор омад. Ин зани шуҷоъ ва мушкилнописанд «Ҳосилот»-ро ба рақобатпазиртарин даста табдил дод.

Ҳамин тариқ, дастаи овозадори «Ҳосилот» зери роҳбарии сармураббии шинохтаи тоҷик Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев дар солҳои 2015-2016 бозигузориҳои худро бо як маҳорати хоса ба роҳ монда, дар ҷадвали мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон мақоми дуюмро соҳиб гашта, рақиби асосии дастаи овозадори «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе гардид. Ҳамчунин, имкони иштирок дар бозиҳои Ҷоми Конфедератсияи «Осиё-2016» — ро пайдо намуд.

Дар ин миён Раъно Раҳимзода низ бо сабаби ба кори дигар гузашту дастаи «Ҳосилот» барои роҳбарияти нави ноҳияи Фархор ба як сохтори нолозим табдил ёфт ва ба хисороти молиявию иқтисодӣ дучор гашта, дар ҳама рақобатҳо ба бохт дучор мегардид. Мухлисони сершумори дастаи «Ҳосилот» борҳо ба назди раиси вақти ноҳияи Фархор Сулаймон Вализода мерафтанд, зораву тавалло мекарданд, ки ба даста кумак намояд, то ки даста дар Лигаи олӣ боқӣ монад. Зеро «Ҳосилот» ягона дастае мебошад, ки футболи минтақаи Кӯлобро дар Лигаи олӣ намояндагӣ мекунад. Аммо он вақт зориву таваллои мухлисон ба гӯши раиси ноҳия намефорид.

Ҳамин тариқ, даста дар натиҷаи бетаваҷҷуҳии роҳбарияти вақти ноҳияи Фархор ба вартаи мушкилот дучор гардида, соли 2017 Лигаи олии футболи ҷумҳуриро тарк гуфт мебоист, ки «Ҳосилот» баъди тарк гуфтани Лигаи олӣ рақобатҳои худро дар Лигаи якуми футболи Тоҷикистон идома медод, аммо боз ҳам бо сабаби бетаваҷҷуҳӣ, дастгирӣ наёфтан аз ҷониби масъулон «Ҳосилот» натавонист, ки рақобатҳои худро дар Лигаи якум идома диҳад.   

Ба хотири аз байн нарафтани дастаи «Ҳосилот» аз майдони футбол ва бинобар сабабаи дастгирӣ наёфтан ва вазъи ногувори иқтисодию молиявӣ дар даста ва инчунин ба хотири камхарҷ будани хароҷоти молиявӣ дастаи «Ҳосилот» фаъолияти худро аз соли 2018 то инҷониб дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи дуюм дар вилояти Хатлон идома дода истодааст. Дар ин лига низ даста бо сабаби дастгирӣ наёфтан наметавонад ба Лигаи якум роҳхат гирад. Муддати се соле, ки даста мувоҷеҳи мушкилоти молиявӣ мебошад, дар ин муддат ба ҷуз роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон касе ба даста дасти ёрӣ дароз накардааст.

Охирҳои солҳои 2018 Сулаймон Вализода аз мақом барканор гардида, ба ҷойи ӯ Раҳматзода Рустам Мирзо таъин гардид. Ҳамагон бар он назар будем, ки мавсуф бо омаданаш дар баробари таваҷҷуҳ ба соҳаҳои дигари хоҷагии халқи ноҳия ба варзиш махсусан ба «Ҳосилот» таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Зеро мавсуф қобилияти баланди ташкилотчигӣ дар самти футболро дорад. Маҳз ҳангоми фаъолияташон ба ҳайси раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» дастаи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисорро зери сарпарастии ин ширкат қарор дода буд. Мавсуф то омаданаш ба ноҳияи Фархор ба ҳайси муовини якуми раиси вилояти Суғд ифои вазифа мекард ва дастаи овозадори «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд зери таваҷҷуҳ ва назорати ин роҳбари футболдӯст қарор дошт. Аз фаъолияти Раҳматзода Рустам Мирзо дар ноҳияи Фархор як сол сипарӣ мегардад, аммо аз эҳёи «Ҳосилот» дараке нест. Танҳо аввали соли 2019 буд, ки бо ташаббуси раис барои иштироки дастаи «Ҳосилот» дар Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2019 бо маблағи сеҳазор сомонӣ кумак расонида шуд, ки «Ҳосилот» дар ин мусобиқот дар гурӯҳи худ дар минтақаи Кӯлоб мақоми аввалро соҳиб гардид.

Бо таъин шудани Қурбон Ҳакимзода ба вазифаи раиси вилояти Хатлон сесад ҳазор сомонӣ ба дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва сад ҳазор сомонӣ ба дастаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор ҷудо гардид. Ин иқдоми раиси вилоятро ҳамагон амали нек дар самти рушди футбол унвон намуданд. Аммо маблағҳои ҷудогардида на «Равшан»-ро ба Лигаи олӣ бароварду на «Ҳосилот» аз Лигаи дуюм ба Лигаи якум роҳхат гирифт.

Як нуктаи муҳимро қайд намудан бамаврид аст, ки сардорони дастаҳо, пеш аз ҳама, бояд дониши хуби молиявию иқтисодӣ қобилияти хуби ташкилотчигиро дошта бошанд. Маблағҳое, ки аз ҷониби баъзе раисони шаҳру ноҳияҳо ҷудо мегардад ва инчунин дар ин баробар маблағҳое, ки аз фурӯши чиптаҳо ба даст меоянд, мақсаднок истифода шаванд.

Солҳои охир бо ташаббуси бевоситаи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ футбол дар мамлакат футбол рушду нумӯ карда, вазъи дастаҳо сол то сол беҳтар гаштасарулибос ва дигар лавозимоти варзишӣ як қатор имтиёзҳо аз ҷониби ин ниҳод ба дастаҳо дода шуда истодааст.

Хеле бамаврид мешуд, ки сардорони дастаҳои футбол дар шаҳру ноҳияҳо ҳангоми мувофиқа бо Федератсияи футболи Тоҷикистон аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо таъин ва озод мегардиданд, дар ин баробар роҳбарияти дастаҳо аз назари мутахассисони баландпояи футбол мегузаштанд, бо дониши иқтисодию молиявӣ ва қобилияти онҳо баҳогузори карда мешуд, сипас ба вазифаҳо пешниҳод мегардидан шояд. Дар сурати дуруст ба роҳ мондани ҷобаҷогузории кадрҳо дар самти футбол ин намуди варзиш дар маҳалҳо  рушду нумӯ меёфт.    

Дар ноҳияи Фархор ҷавонони соҳибистеъдод хело зиёд мебошанд, онҳо бояд аз ҷониби шахсони масъул дастгирӣ карда шаванд. Соли 2019-ум дастаи «Ҳосилот» дар рақобат байни дастаҳои Лигаи дуюм бо касби 36 имтиёз мақоми 5-умро соҳиб гашт, ки ин бароямон нигаронкунанда буд. Аз он мутаассифем, ки Муассисаи давлатии «Мактаби маҳорати олии варзишӣ барои ҷавонону наврасони ноҳия» он қадар фаъолияти хуб надорад, барои як футболбозро омода намудан солҳо мебояд заҳмат кашид, шароитҳои созгорро муҳайё сохтан лозим аст. Санъати корбари дар футбол низ бо мурури замон пеш рафта истодааст, дар ноҳияи Фархор мураббиёне, ки аз футболи муосир огоҳ бошанд, қариб ки вуҷуд надоранд. Хеле бамаврид мешуд, ки Мақомоти ҳокимияти давлатии иҷроияи мањаллии ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия ба воситаи Квотаи президентӣ ҷавонони завқмандро ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов ё ба Коллеҷи тарбияи Тоҷикистон дохил мекарданд, то ки дар оянда мутахассис шуда, бо диду нигоҳи тоза дар ноҳия фаъолият менамуданд.

Бисёре аз ҷавонони футболбози соҳибистеъдод бар асари бетаваҷҷуҳи ба соҳа ва кам пардохт намудани маош рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ оварданд. Аммо бо ин гуна муносибати сард ба футбол аз ҷониби масъулони ноҳияи Фархор  кафолат дода наметавонем, ки дастаи «Ҳосилот» дар солҳои наздик ба Лигаи якум ё ба Лигаи олии футболи Тоҷикистон роҳ меёбад, иброз намуд. Сармураббии дастаи «Ҳосилот» Қурбоналӣ Шарифов аз он гиллагузорӣ намуд, ки соҳибкорони фархорӣ ба мушкилиҳои даста расидагӣ намекунанд. Дар шароити кунунӣ футболро бесарпараст тассавур намудан ғайриимкон мебошад. Новобаста аз мушкилотҳои мавҷуда, теъдоди мухлсони даста коҳиш наёфтааст ва мардуми ноҳияи Фархор бе харидории чипта вориди майдон намешаванд. Маблағҳои бадастомада бояд самаранок истифода шаванд. 

Бо вуҷуди дастоварду комёбиҳо рушди футбол дар минтақаи Кӯлоб нигаронкунанда мебошад. Агар чунин бетаваҷҷуҳӣ дар ин минтақа идома ёбад, гуфтан мушкил аст, ки ду дастаи номдори дастаҳои минтақа дар солҳои наздик ба Лигаи олӣ роҳ ёбанд. Дар ин кори хайр бояд соҳибкорону сармоядорони номдори шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Фархор саҳмгузор бошанд. Аммо ботаассуф иброз менамоем, ки он умедворие, ки мухлисони дастаи «Равшан» аз Баҳром Иноятзода ва он чашминтизорие, ки дар самти рушди дастаи «Ҳосилот» сокинони футболдӯсти Фархор аз раиси ноҳия Раҳматзода Рустам Мирзо доштанд, ҳама бар боди фано рафт.

Акбар Абдусамадов

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *