Ҳукми муттаҳамони ошӯб дар зиндони Ваҳдат эълон шуд

Додгоҳи олии Тоҷикистон муттаҳамон дар ошӯб дар зиндони Ваҳдатро бар асоси  16 моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ ва куштор, айбдор дониста ва онҳоро ба муддатҳои аз 19 то 20 сол равонаи зиндон кард.

Дар натиҷаи ошӯб дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат, ки рӯзи 19 майи соли ҷорӣ рӯй дод, 32 нафар бо шумули се зиндонбон ба ҳалокат расида буданд.

Адвокатҳои маҳкумшудагон  ин ҳукмро ғайриодилона хонда ва гуфтаанд, ки аз болои  ин ҳукм шикоят хоҳанд бурд.

Зимнан, дар моҳи ноябри соли 2018 дар зиндони шаҳри Хуҷанд ошӯбе сар зада ва бар асари он 23 маҳбус ва ду нозири зиндон кушта шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *