Ҳукми зиндони Гулнора Каримова бори дигар тамдид шуд

Муҳлати зиндони Гулнора Каримова, духтари калонии президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов бори дигар дароз карда шуд. Дар ин бора духтари Гулнора — Имон Каримова дар шабакаи иҷтимоии Instagram хабар дод.

Вале Каримоваи хурдӣ нагуфтааст, ки муҳлати зиндони модари ӯро кӣ ва кай тамдид кардааст. «Тими мо ба далели афзоиши суолҳои шаҳрвандон ва рӯзноманигорон нашри маълумоти комилро дар бораи ангезаҳои сиёсии парвандаи зидди Гулнора Каримова оғоз мекунад», — навиштааст набераи президенти нахустини Ӯзбекистон 3 декабр дар ​Instagram.

Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи асосии тафтишот айбдор кардани Гулнора Каримова дар тамоми мушкилот, нокомиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Ӯзбекистон аст. «Бори панҷум аст, ки ҳукми зиндони ӯро тамдид мекунад. Онҳо аз тарси он ки амалҳои бештари аъзои ҳукумати кишвар ифшо нашавад, модарамро дар танҳоӣ нигаҳ медоранд», — афзудааст Имон.

«Ба парвандаи ахир бидуни шарҳ муҳри махфӣ заданд, ки ҳатто вакилони дифоъ дастрасӣ ба маводи парвандаро надоранд. Ин хилофи Конститутсияи Ӯзбекистон буда, бори аввал ҳам нест. Ҳамин тариқ вакилони дифоъ ва наздикони Каримова дар бораи парвандаву вазъи саломатии ӯ хабар надоранд. Бино ба маълумоти ахир, вазъи ӯ вахим аст. Рӯзҳои наздик муфассалтар ифшо мешавад, ки бад шудани вазъи саломатии Каримова дар ҳукумат ба нафъи кист», — навиштааст Имон.

Имон Каримова чаҳор рӯз пеш хабар дод, ки аз ин ба баъд саҳифаи ӯ — iman.k17-ро дар Instagram «ҳуқуқшиносон ва бародараш Ислом Каримови хурдӣ, ки дар Лондон зиндагӣ мекунад, идора хоҳанд кард.

Вакили дифои швейтсарии Гулнора — Грегуар Манжа (Grégoire Mangeat) 25 ноябр дар Twitter хабар дод, ки ба ҳамаи дархостҳои ӯ барои мулоқот бо Гулнора Каримова мақомоти Ӯзбекистон ҷавоби рад додаанд.

Имон Каримова 16 сентябр хабар дода буд, ки дар шаҳри Тошканд мурофиаҳои нави пинҳонии Гулнора Каримова оғоз шуданд. Ӯ худи он рӯз ба ҳукумати президент Шавкат Мирзиёев ҳушдор дод, ки рӯзҳои наздик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Ӯзбекистон ҳолатҳои коррупсионӣ дар ин кишварро ифшо мекунад.

Додситонии кулли Ӯзбекистон моҳи гузашта хабар дод, ки зидди Гулнора Каримова бо гумони дуздии пули давлат, созиш алайҳи манфиатҳои кишвар ва азхудкунии амволи ғайр ба андозаи махсусан калон парвандаи нав боз шудааст. Вале Имон Каримова парвандаи нави модарашро «сиркбозии сиёсӣ» номид.

Бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд аз 18 декабри соли 2017 Гулнора Каримова 10 сол зиндонӣ шуд. 1 июли соли 2018 муҳлати ҳукми вай 5 сол кам шуд. Ба иттилои додситонӣ, Каримова аз тартиботи ҳабси хонагӣ сӯистифода кардааст ва биноан, ӯро дубора ба маҳбас интиқол додаанд.

Пештар аз ин хабар расид, ки ширкатҳои Telia, VimpelCom ва МТС дар маҷмуъ барои ворид шудан ба бозори мобилии Ӯзбекистон ба Гулнора Каримова тақрибан 1 млрд доллар пора додаанд.

Вазорати адлияи ИМА низ Гулнора Каримоваро расман дар порагирӣ ва пулшӯӣ айбдор кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *