Ҳақиқати даҳшатнок: духтар дар 5-солагӣ таваллуд кард. Падари ӯ кӣ буд?

Ҳақиқати даҳшатнок: духтар дар 5 солагӣ таваллуд кард. Падари ӯ кӣ буд?

Як сокини шаҳри Перу духтари 5-солаашро бо боварии комил ба духтур овардааст, ки дар шиками духтараш  варами азим ба вуҷуд омадааст ва духтурон бояд ӯро муоина кунанд. Ва духтур  кӯдакро муоина карда, ба хулоса омад.Ташхиси муфассал ҳақиқати даҳшатнокро ошкор кард — Лина Мадина ҳомиладор аст. Гузашта аз ин, Лина аллакай ҳадди аққал 7 моҳа ҳомила буд. Илова бар ин, мутахассисони Перу муайян карданд, ки ҳайзи аввалини духтар дар синни 3 солагӣ оғоз шудааст.

Дар синни 4-солагӣ коси Лина аллакай хеле васеъ шуда буд ва ғадудҳои ширӣ ба вуҷуд омадаанд. Бо вуҷуди ин, Лина ба таври табиӣ фарзанд таваллуд карда натавонист, бинобар ин 14 майи соли 1939 ҷарроҳӣ гузаронида шуд. Писарбача солим таваллуд шуда, вазнаш қариб 3 кило буд.

Ба тифл номи яке аз табибоне, ки дар рафти ҷарроҳӣ иштирок дошт Ҷерардо ном гузоштанд. Дар ҳамин ҳол, Мадина ҳатто пас аз таваллуд кӯдак буданашро идома дод.

Доктор Хуан Фален далел овард, ки аз ҷиҳати рушди рӯҳӣ Лина аз ҳамсолони худ фарқ надорад. Дар муддати тӯлонӣ ӯ бо писараш ҳамон бозиҳоро бозӣ  мекард, ки кудакон байни ҳам бозӣ  мекарданд.

Тақдири минбаъдаи Лина ва Жерардо

Дар давоми 10 сол, Жерардо ҳатто намедонист, ки Лина модари ӯст. Хешовандон ҳақиқатро аз писар пинҳон карданд, бинобар ин духтарро хоҳари худ медонист. Жерардо на танҳо солим ба дунё омад, балки то охири умраш аз ягон чизи ҷиддӣ азоб накашидааст. Аммо вақте ки ин мард ба синни 40 расид, ӯ гирифтори саратони хун шуд ва аз он фавтид.

Коршиносон мутмаинанд, ки байни ҳомиладории барвақти модар ва бемории марговари писараш ҳеҷ иртиботе вуҷуд надорад. Бо шарофати ин ҳикояи баланд, Лина Мадина дастгирии бисёре аз Перуҳоро гирифт.

Сарфи назар аз маълумоти олӣ надоштанаш, ба ӯ кӯмак карданд, ки дар яке аз клиникаҳои Перу ба сифати котиба кор кунад. Вай баъдан издивоҷ кард ва дар 39-солагӣ писари хурдии худро таваллуд кард.

Вай ҳеҷ гоҳ мусоҳиба намедод ва дар бораи падари нахустзодаҳо, ҳатто ба наздиконаш сӯҳбат намекард. Соли 2015 Лина Мадинаи 82-сола даргузашт ва ин сирро ба гур бурд. Падари кӯдак кист? Бо вуҷуди хомӯшии Линаи 5-сола, маъмурони пулис дар аввал падари ӯро ба хушунат гумонбар карданд. Аммо, ин версия тасдиқ нашудааст. Хешовандони Мадина бар ин бовар буданд, ки духтарак ҳангоми танҳоӣ ба дарё барои шустани либос рафтанаш мумкин аст таҷовуз шуда бошад. Ин масъулияти Лина буд.

Аммо тахмини наздикон танҳо дар сухан монданд: гумонбар пайдо нашуд. Илова бар ин, Лина Мадина ва аъзоёни оилаи ӯ дар деҳаи ҳиндуҳои Перу зиндагӣ мекарданд, ки расму оинҳои онҳо аксар вақт бо оргия анҷом меёфт.

Шояд дар яке аз ин «ҳодисаҳо» духтар қурбонии як таҷовузгар шудааст. Дар мавриди хомӯшии Лина, коршиносон бо итминон изҳор мекунанд, ки кӯдак аз рӯи синну солаш метавонад воқеаи рӯйдодаро фаромӯш кунад.

Инчунин тахмин кардан мумкин аст, ки Мадина чизе нагуфтааст, зеро нафаҳмид, ки бо ӯ чӣ шудааст. Илова бар ин, ҷинояткорон метавонанд духтарро таҳқир кунанд, зеро қаблан ӯро беҳуш  карда буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *