Ҳаҷҷи фарзӣ оғоз шуд
Аввалин гуруҳи шаҳрвандони Тоҷикистон барои адои Ҳаҷҷи фарзӣ ба сафар баромаданд.
Ба иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон, 25 май ин гурӯҳи иборат аз 165 шаҳрванди кишвар тавассути ҳавопаймои Ширкати “Сомон Эйр” ба Ҷидда раҳсипор шуданд.
Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе гурӯҳи зойиринро раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода ва сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон гусел карданд.
Ёдовар мешавем, ки имсол барои адои Ҳаҷҷи фарзӣ Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кард. Арзиши Ҳаҷҷи фарзӣ дар соли равон барои як нафар 57 ҳазор сомонӣ муайян шудааст.
Масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон гуфтанд, ки нархи имсолаи ҳаҷҷи фарзӣ бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон мувофиқа шудааст. Ин маблағ, ба гуфтаи мақомот, ба харидани чиптаи ҳавопаймо, меҳмонхона, хӯрок, хидмати роҳбаладон, иқомат дар Мино, Арафот ва Муздалифа, қурбонӣ, доруву бима ва боҷи давлатӣ сарф хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ