Ҳаҷ — 2022. Оё Тоҷикистон даъватнома гирифт?
Тоҷикистон ҳанӯз барои мавсими нави «Ҳаҷ-2022» даъвати расмӣ дарёфт накардааст. Дар сурати иҷоза шудани сафар ба зоирони тоҷик сабти номи нави зоирин сурат намегирад, зеро омодагиҳо дар ин самт қабл аз пандемия гирифта шуда буд.
Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини кишвар мегӯяд, ки «ҳанӯз мушаххас нест, ки Саудӣ барои кишвари мо чӣ қадар квота ҷудо мекунад ва дар сурати дарёфти даъватнома масъала баррасӣ хоҳад шуд».
Бино ба иттилои манбаъ, кумита ҳанӯз аз соли 2020 корҳои омодагиро барои сафарбаркунии зоирин баррасӣ кардаву ҳиссаи ҷудошуда аз рӯи шумораи аҳолиро ба шаҳру навоҳӣ фиристода буд, ки тасдиқ гардид. Аммо бо назардошти вазъи эпидемиологӣ ин сафар сурат нагирифт.
Ин ниҳод мегӯяд, дар сурати баргузории сафари ҳаҷ нахуст онҳое имтиёз хоҳанд дошт, ки тибқи навбат аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ пешниҳод гардидаанд.
Он замон ҷониби Саудӣ барои панҷ ҳазор зоири тоҷик иҷозаи сафар ба ин кишварро дода буд.
Дар мавриди нархномаи сафар барои зиёрати Хонаи Худо ҳоло чизе мушаххас нест ва ба гуфтаи оқои Афшини Муқим, пас аз дарёфти даъватнома он низ дақиқ хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки пеш аз пандемия нархи сафари ҳаҷ барои зоирини кишвар 35 ҳазору 128 сомонӣ, муодили 3700 доллари амрикоӣ муқаррар шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Арабистони Саудӣ барои нахустин бор пас аз се соли ахир дар пайи беҳбуди вазъи эпидемиологӣ ба як миллион зоир иҷозаи зиёрати Хонаи Худоро дод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ