Ҳаҷ – 2024. Имсол чанд нафар ба Ҳаҷ меравад?

Арабистони Саудӣ барои сафари ҳаҷ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2024, мисли соли қаблӣ, 7 ҳазор квота ҷудо кардааст. Дар ин бора аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим иттилоъ медиҳад.

Ба навиштаи манбаъ 8-уми январ Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар шаҳри Ҷидда бо Тавфиқ ал Рабиа, вазири ҳаҷ ва умраи ин кишвар мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳаҷ ва умра мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҳамзамон миёни ду ҷониб Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ташкили ҳаҷҷи мавсими соли 2024-ум ба имзо расид.

“Зимнан, кишвари мизбони ҳаҷ имсол тибқи тартиб ҳиссаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳудуди 7000 адад муайян намудааст”, — хабар медиҳад, манбаъ.

Аммо то ҳол харҷи сафари Ҳаҷ барои соли ҷорӣ дақиқ муайян нашудааст.

Соли гузашта Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 7 ҳазор квота барои зиёрати ҳаҷ ҷудо карда буд. Арзиши хидматрасониҳо дар мавсими “Ҳаҷ-2023” 59 ҳазор сомонӣ муайян шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *