Ҳаҷми андози иҷтимоӣ аз муҳоҷирон чӣ қадар аст?
Ҳукумати Тоҷикистон тартиб ва ҳаҷми пардохти ихтиёрии андози иҷтимоиро барои муҳоҷирони меҳнатӣ тасдиқ кард.
Дар асоси ин қарор, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар кор мекунанд, метавонанд тавассути системаи иттилоотии андоз, кабинети инфиродии андозсупоранда ё барномаи мобилии “Андози ман” ариза ирсол намуда, ба сифати пардохткунандаи ихтиёрии андози иҷтимоӣ сабт шаванд.
Ҳар муҳоҷире, ки қаблан рақами иҷтимоии суғуртавӣ надошта бошад, онро ройгон дарёфт мекунад. Андози иҷтимоии ихтиёрӣ барои муҳоҷирон на камтар аз 75 сомонӣ дар як моҳ муайян шудааст ва танҳо ба шакли ғайринақдӣ пардохт мегардад. Муҳоҷирон метавонанд онро ҳармоҳа, ҳар семоҳа, нимсола ё яксола супоранд.
Маблағи пардохтшуда дар ҳисоби шахсии андозсупоранда сабт гардида, ба мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ирсол мешавад. Ҳаҷми нафақаи муҳоҷирон дар оянда аз андозаи саҳми пардохти онҳо вобаста хоҳад буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ