Ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон. Шарикони асосӣ киҳоянд?

Тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон ҳамоно манфӣ боқӣ монда, содироти мол аз кишвар дар қиёс бо воридоти коло аз хориҷа ба маротиб кам мебошад.

Тоҷикистон давоми 9 моҳи аввали соли ҷорӣ ба андозаи 5,5 млрд доллар савдои хориҷӣ анҷом додааст. Аз ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистон ба воридот 3,7 млрд доллар ва ба содирот 1,6 млрд доллар рост меояд.

Таъкид шудааст, ки савдои хориҷии ҷумҳурӣ дар қиёс бо нуҳмоҳаи аввали соли гузашта 18,8% зиёд мебошад. Содироту воридоти мол ба кишвар имсол нисбати 9 моҳи аввали соли 2021 ҳудуди 857 млн доллар афзоиш ёфтааст.

Тавозуни Тоҷикистон ҳамоно манфӣ боқӣ монда, кишвар чун анъана пойбанди молҳои воридотист. Бар асоси омори ироашуда, дар 9 моҳ воридот аз содирот ҳудуди 2,1 млрд доллар зиёдтар будааст. Содироти мол 1,6 млрд долларро ташкил дода, 5,5% ё 85,2 млн доллар афзоиш ёфтааст.

Ҳаҷми воридоти мол бошад, бо афзоиши 25,7% ё 772 млн доллар ба беш аз 3,7 млрд доллар расидааст.

Ҳамин тариқ, сегонаи шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон низ маълум шудаанд. Русия бо нишондоди 1,2 млрд доллар дар садри шарикони асосии хориҷии Тоҷикистон қарор дорад. Бо Қазоқистон ба маблағи 1 млрд доллар ва бо Чин 965 млн доллар додугирифти коло доштааст.

Маврид ба зикр аст, ки аз молҳои асосии воридотии Тоҷикистон маҳсулоти нафтӣ, орд ва гандум мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *