Ҳаҷвнигори беназир. Наҷмиддини Шоҳинбод 70-сола шуд!
Наҷмиддини Шоҳинбод зода ва парвардаи хоки шоирхези Шуғнони хушлатофат буда, аз дудмони шоири номдор Тилло Пӯлодӣ ба ҷаҳони сафед қадам гузоштааст.
Падараш Шоҳинбод омӯзгор буд ва дар хушсуханию зарофатгӯӣ, шеърдонию маънишиносӣ машҳур. Тамоми фарзандони амаки Шоҳинбод одамони боистеъдоданд, бахусус Наҷмиддин чун нависанда, Сайфиддин (равонаш шод бод!) чун ҳунарпешаи мазҳака, Муҳиддин чун шоир.
Наҷмиддин Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленинро хатм намуда, дар газетаи «Бадахшони Советӣ» ба кор даромад. Он замон (солҳои 80-уми асри мозӣ) рӯзномаи мазкур ба туфайли кӯшишҳои устод Ширин Бунёд, ки ба ҳайси мудири шуъбаи фарҳанги он кор мекард, ба маъвои адабу шеър табдил ёфта буд. Нафари дуюме, ки барои ҷон гирифтани ин маҳфили адабӣ хидмати билоиваз намудааст, устод Наҷмиддини Шоҳинбод аст. Наҷмиддин барандаи тамоми маҳфилҳо буда, бо шеваи хоси суханронӣ ва танзи зебояш ҳар ҷамъомадро ба суру сурур мубаддал месохт. Ҷиддияти устод Ширин Бунёд ва парешонию озодманишии устод Наҷмиддини Шоҳинбод, ғамхории онҳо ба ҷавонони эҷодкор ва аҳли адаб боиси дар атрофашон гирд омадани саф-саф адибон гардид. Маҳфили онҳо на танҳо дар вилоят, балки берун аз он низ машҳур гашт ва сукути дастикам чиҳилсолаи ҷунбиши адабӣ дар Бадахшонро барҳам дод
Устод Наҷмиддин бо нахустин ҳикояҳои ҳаҷвии худ — «Ҷанги хонагӣ», «Шохи гург», «Шоир даркор» ва чанде дигар базудӣ дар дили ҳаводорони сухани бадеъ роҳ ёфт ва маҳбуби ҳамагон гашт.
Мо, донишҷӯёни солҳои 80-ум ҳаҷвияҳои ӯро бо шавқ мутолиа менамудем ва ифтихор мекардем, ки дар ниҳоят дар Бадахшони мо низ дар симои Наҷмиддини Шоҳинбод нахустин нависанда зуҳур намуд.
Ҳунари нависандагии Наҷмиддин ба ҷавонон бетаъсир намонд. Дар пайравӣ ба ӯ пайиҳам дар Бадахшон нависандагоне чун Қурбони Аламшоҳ, Бӯрибеки Худобахш, Бастур, Қудратшоҳ Чавлихон, Довуд Сулаймон ба арсаи адабиёт по ниҳоданд ва ҳавзаи адабии вилоятро рангу таровати тоза бахшиданд.
Низоъҳои дохилии солҳои навадуми Тоҷикистон ба ҳаёти устод низ таъсири бад гузошт. Вай бо аҳли хонаводааш аз Хоруғ ба Хуҷанд кӯчид. Бештар аз даҳ сол дар ин шаҳр зист ва ба ҳайси мухбири рӯзномаи «Садои мардум» дар вилояти Суғд ва муовини сармуҳаррири ҳафтавори «Суғд» фаъолият намуд. Ниҳоят пойтахтро маъвои зиндагонӣ баргузида, дар Иттифоқи журналистон ба кор даромад. Ҳамчунин, сардабирии ҳафтаномаҳои «Алюминийи Тоҷикистон» ва «Башардӯсти Тоҷикистон»-ро ба уҳда гирифта, аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуд. Ҳузури ин ҳаҷвнигори забардаст дар пойтахт ба зудӣ эҳсос шуд. Устод бо ғайрату иштиёқи беандоза ба эҷоди ҳаҷв шуруъ кард ва ҳар танзи чопшудаи ӯ ҳатман мақбули хонандагон мегардид, ҳатто сарусадоҳое ҳам ба бор меовард. Хонандагон бахусус латифаи устодро дар бораи нақби “Истиқлол” дар ёд доранд, ки боиси ташвиши ҷиддии созандагони он — бародарони эронӣ гардида буд. (Мазмунаш ин буд: амрикоиҳо набояд аз техникаи Эрон биҳаросанд, зеро онҳо як нақби шашкилометраро солҳост, ки сохта наметавонанд!).
Ду-се соли охир устод каммаҳсул гардид. Сабаби он дилшикастагиаш бар асари вафоти завҷаашон мебошад. Марги рафиқи ҳаёташ нависандаи ҳассосро сахт афсурда гардонд. Ин мусибат ӯро ба беморӣ мубтало сохт…
Дирӯз барои муборакбод намудан ба хонаашон рафтем. Дар сари дастархон танҳо наздиктарин рафиқон ва чанд тан хешу таборашон ҷамъ омада будем. Бо нӯшбодҳои наҷмиддинона охир комёб гардидем, ки вақташро хуш намоем ва устодро ба гуфтани танзу мутояба водорем. Ва, аз ҳама муҳиммаш, аз ӯ қавл гирифтем, ки китобашро ҳарчи зудтар ба чоп омода намуда, барои ҷашни бошукуҳи 70-солагӣ омодагии ҷиддӣ бубинад.
Бовар дорам, он рӯз дур нест, ки гули сари сабади маҳфилҳои адабӣ устод Наҷмиддини Шоҳинбодро боз дар саҳнаҳо мебинем ва аз бӯстони табъи худододашон гулҳои тари сухан мечинем.
Ато МИРХОҶА, адиб
АЗ ИДОРА: Аҳли қалами ҳафтаномаи “Тоҷикистон” журналисти шинохта ва адиби ҳаҷвнигор Наҷмиддини Шоҳинбодро ба муносибати 70-умин солгарди мавлудаш табрик гуфта, барояш саломатӣ, умри дароз ва илҳоми саршорро орзуманданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳи хонанда