Ҳабиб дар бораи тарбияи писараш чӣ гуфт?

Собиқ чемпиони UFC Ҳабиб Нурмагомедов дар як суханрониаш доир ба махсусияти тарбияи фарзанд сухан гуфт.

— Ман ба писарам иҷозат медиҳам, ки ҳар чизе аз ҳаёт мехоҳад, интихоб кунад. Ӯро дар интихоби касби ояндааш озод мемонам. Ман намедонам, ки ӯ кадом соҳаро интихоб мекунад. Агар гӯяд, ки мисли ман варзишгар шуда, чемпиони ҷаҳон мешавад, ман зид намебароям, балки ӯро дастгирӣ мекунам. Вале маҷбур намекунам, ки варзишгари касбӣ шавад,- гуфт ӯ.

Ҳабиб Нурмагомедов дар мавриди он, ки дар кадом ҳолат фарзандаш интихоб надорад, илова кард:

— Писари ман дар як ҳолат озод нест. Агар дилхоҳ соҳаро интихоб кунад ҳам, бояд ба варзиш машғул шавад, зеро ӯ мард аст ва бояд боқувват бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *