Ҳабиб Нурмагомедов забони англисӣ меомӯзад, агар…
Собиқ чемпиони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмагомедов дар бораи хоҳиши омӯхтани забони англисӣ кушоду равшан сухан гуфт.
— Агар вақт ба қафо, соли 2010 гардад, бешубҳа забони англисиро ҷиддӣ мехонам. Ман он вақт намедонистам, ки забони англисӣ барои корномаи варзишии ман дар UFC ва умуман зиндагӣ дар Амрико то ин ҳад лозим мешавад,- гуфт ӯ.
Ҳабиб Нурмагомедов илова мекунад, ки бо падараш китоб мехонданд, вале китобҳои таърих буданд онҳо.
Ба гуфтаи собиқ чемпион, ҳоло бисёр осон аст забони хориҷиро омӯхтан. Масалан, дар як ё ним сол ҳам метавон забон омӯхт, зеро ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ