Ҳабиба 21600 сомонӣ ҷарима шуду Баракат 15 шабонарӯз ҳабс

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти боз ду ронандаи мадҳуш ҳангоми идораи нақлиёти гаронбаҳо хабар дод.

Гуфта мешавад, ки кормандони БДА воситаи нақлиёти тамғаи «Ренҷ ровер», рақами қайди давлатиаш 5328МН01-ро боздошт карданд, ки ронандаи он мадҳуш будааст.

Дар натиҷаи санҷиш муайян гардидааст, ки воситаи нақлиёт ба шаҳрванд Бозорова Ҳабиба тааллуқ дошта, номбурда дидаву дониста идораи воситаи нақлиётро ба шаҳрванд Баракати Салим вогузор намудааст, ки ҳарду дар ҳолати мастӣ қарор доранд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон тибқи талаботи моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.

Нисбати Бозорова Ҳабиба ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 21 600 сомонӣ ва нисбати Баракати Салим ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *