Ҳабиба Сироҷ ва Мулло Абдулғанӣ Бародар
Маҳбуба Сироҷ — тоҷикзани кобулӣ дар маҷалаи “Таймс” дар қатори сад чеҳраи таъсиргузори ворид шудааст. Ӯ мехоҳад бо Мулло Абдулғанӣ Бародар мулоқот кунад
Дар бораи Маҳбуба Сераҷ ин зани ҷасури кобулӣ маводи зиёде мавҷуданд, ки шахсияти нотарс ва нотакрор буданашро собит месозанд. Соли 2003 ӯ дар ИМА зиндагии осуда ба сар мебурд. Вале ба хотири дифоъ аз ҳуқуқи занон, ба Афғонистон баргашт. Ӯ замоне ба зодгоҳаш баргашт, ки камтар аз 10% духтарон дар мактабҳои ибтидоӣ таҳсил мекарданд. Ӯ Муассиси Шабакаи ғайритиҷоратиро дар Афғонистон бунёд гузошт ва зиндагии худро сарфи таълими кӯдакон, мубориза бар зидди фасод ва хушунати хонаводагӣ бахшидааст.
Вақте ки Толибон моҳи август сари қудрат омаданд, вай чун дигарон роҳи фурудгоҳро не, роҳи дафтари корашро пеш гирифт. Ӯ тасмим гирифт, ки дар Кобул бимонад, то аксуламале зидди “ҳокимон”- и нав нишон диҳад ва нагузорад, ки ин дафъа нисфи аҳолии кишвареро, ки ба ҳар як шаҳрванди он барои татбиқи потенсиали худ ниёз дорад, канор нагузоранд. Оштинопазири ӯ дар баробари толибон дар он ифода меёбад, ки аз ӯ мепурсанд: “ Хонум Маҳбуба оё шумо ОК ҳастед?». Вай ҷавоб медиҳад: «Не, ман OK нестам». Вай чизеро мегӯяд, ки ҳамаи мо эҳсос мекунем. Вале ӯ гузашта аз ин, амал мекунад.
Маҳбуба Сироҷ мегӯяд ӯ мегӯяд, ки замоне, ки ҳама роҳи фирорро пеш гирифтаанд, ӯ, ки метавонист дар Амрико зиндагии осуда дошта бошад, Кобулро интихоб кард. “Зеро, — мегӯяд ӯ намехоҳам муҳоҷир бошам”. Ҳоло ӯ талош дорад бо Абдулғанӣ Бародар, ки ӯ ҳам ба қатори 100 чеҳраи таъсиргузори ҷаҳон ворид шудааст, ҳамсӯҳбат гардад.
Маҳбуба Сирод асосгузор ва директори генералии колеҷи Citadel Software Co дар Кобул аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ