Ҳабибулло Абдураззоқов: Афсӯс, потенсиали ман истифода нашуд…

19 январ қалби яке аз ҳунармандони маъруфи театру синамои тоҷик Ҳабибулло Абдураззоқов, дар синни 83-солагӣ аз тапидан бозмонд.  Марҳум солҳои охир бемор буд ва аз он афсӯс мехӯрд, ки театру кинои тоҷик аз қобилияти ӯ ба ҳадди зарурӣ истифода накард… 

Ҳабибулло Абдураззоқов 7 ноябри соли 1937 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Студияи тоҷикии  Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский (Москва, 1960), курсҳои олии коргардонии донишкадаи мазкурро (Москва, 1964) хатм кардааст.

Ҳабибулло Абдураззоқов дар солҳои 1960—1961 ҳунарпешаи Театри мусиқию мазҳакавии Ленинобод, солҳои 1961—1969 ҳунарпешаи Театри давлатии академикию драмавии Лоҳутӣ, солҳои 1969—1971 саркоргардони Театри мусиқию мазҳакавии Ленинобод, солҳои 1971—1973 саркоргардони Театри давлатии ҷавонон, солҳои 1973—1975 коргардони таҳиягари Киностудияи «Тоҷикфилм», соли 1975 коргардон ва ҳунарпешаи Театри Лоҳутӣ, солҳои 1987—1990 раиси Иттифоқи ходимони театрӣ интихоб гардида, ҳамзамон солҳои 1987—1991 муовини аввали Иттиҳодияи ходимони театрии ИҶШС буд.

Аз соли 2002 муассис ва роҳбари бадеии Театри ғайридавлатии «Падида» буд. Дар театр, синамо ва телевизион наздики 200 нақши мондагор иҷро кардааст.

Нақшҳо дар театр:

Карл Моор («Роҳзанҳо»-и Шиллер), Чатский («Мусибат аз ақл»-и Грибоедов), Любим Тортсов («Фақирӣ айб нест»-и А. Островский), шоир Хуршед («Шуълаи озодӣ»-и Ғ. Абдулло), Ёдгор («Дохунда»-и С. Айнӣ) ва ғайра.

Нақшҳо дар синамо:

 «Оромӣ намешавад» (1961), «Замони осудагӣ» (1962), «Марги судхӯр» (1965), «Хиёнат» (1967), «Ифшосозӣ» (1969), «Духтари сеюм» (1971), «Чор нафар аз Чорсанг» (2 қисм, телевизионӣ, 1972), «Салом, одами меҳрубон» (1973),  «Достони Сиёвуш» (2 қисм, 1976), «Дарвеши ланг» (1986), «Иловагӣ ба роҳи дуюм меояд» (2 қисм, 1986), «Нигоҳ» (1988), «Ҳаёти одии бобои Амин» (1988),. «Дар орзуи падар» ва ғ.

Дар як қатор филмҳои синамогарони Олмон, Амрико, Русия, Ӯзбекистон ва Эрон нақш бозидааст.

Ҳабибулло Абдураззоқов яке аз симоҳои барҷастаи театру синамои кишвар буд. Ӯ падари Барзу Абдураззоқов, режиссёри маъруф ва Нисор Абдураззоқов аксбардори номӣ аст. Наберааш Самир пианинонавозест, ки Тоҷикистонро дар ҷаҳон муаррифӣ мекунад.

Ман бо Ҳабибулло Абдураззоқов чанд маротиба ҳамсуҳбат шудаам, ки дар ҳафтаномаҳои “Тоҷикистон”-у “Оила” ба нашр расидааст. Бори охир, вақте дар хонаи эшон меҳмон будам, дар бораи Абулқосим Лоҳутӣ суҳбат кардем, ки дар мавриди зарурӣ онро нашр хоҳам кард. Дар миёни ин суҳбат дар бораи худ, сарнавишти эҷодӣ, вазъи театру кино ва тақдири фарзандашон Барзу ҳам ҳарф задем, ки нашри онро чун як каф дуо дар рӯзи маргашон ҷоиз медонам.

Инак, навбати сухан ба Ҳабибулло Абдураззоқов аст:

Актёри ногаҳонӣ

Актёр шудани ман амри тасодуф буд. Дар Донишкадаи аграрӣ мехондам. Дар кӯча як нафар корманди Вазорати фарҳанг маро дошта, гуфт, ки чанд нафарро ба Маскав бурдан мехоҳем. Агар хоҳед, ба Вазорати фарҳанг биёед, шуморо ба Маскав мебарем. Ҳайрон шудам. Гуфт, қаду қомати зебо доред, чеҳраатон ҳам саҳназеб. Хеле фикр кардаму рафтам ба Вазорати фарҳанг ва ҳамин тавр аз имтиҳон гузаштам, ба санъат қадам гузоштам. Ҳамааш ногаҳон рух дод. Ман чӣ будани театру киноро медонистам, дар дилам дӯст медоштам, аммо тасаввур намекардам, ки актёрӣ донишгоҳу донишкадаҳо дорад.

Ҳамин тавр, дар Москва таҳсилро оғоз кардем. Ба мо Олга Пижова ва Борис Бибиков, ки беҳтарин ҳунармандон ва профессорон буданд, дарс доданд. Чӣ будани ҳунар, санъат, театр ва синамро гуфтанд. Хулоса , таҳсилро ба охир расонида, ба Ватан баргаштем. Аввал дар Театри ба номи Пушкини Хуҷанд корро сар карда, баъдан ба Театри Лоҳутӣ омадем…

Кӯшиши ҳарфи   нав гуфтан

Ман, ки театрро дӯст доштам, зиёд дар мавриди он меандешидам. Ҳеҷ гоҳ аз кори хеш розӣ набудам. Мехостам ҳама чизро тағйир диҳам, вале дасту поям баста буд. Бинобар ин, ба хулоса омадам, ки худам режиссёр шавам. Дар Москва таҳсил карда омадам ва режиссёр шудам. Ҳамин тавр, дар театрҳои Хуҷанд, Театри давлатии ҷавонон саррежиссёр шуда кор кардам. Режиссёри «Тоҷикфилм» ҳам будам. Дар театри худамон — Театри Лоҳутӣ нақшҳои зиёд иҷро кардам, асарҳои зиёд ба саҳна гузоштам.

Ҳаракат кардам, ки якумр ҳарфи нав гӯям, кори нав кунам, вале на ҳамеша имкон доштам. Ҳасудон монеи корам мешуданд, билохира дар синни 60-солагӣ дар камолоти эҷодӣ маро аз театр ронданд. Бо баҳонаи нафақа ҷавоб додандам, ҳол он ки ҳамкурсони дигарам то имрӯз кор мекунанд.

Театр чаро мавқеашро    аз даст дод?

Вақте охири солҳои панҷоҳум мо ба фаъолият шурӯъ кардем, танҳо ҳафт дарсади аҳолии Душанбе тоҷик буду халос. Ҳафт дарсадро бинед, ки театрро чӣ қадар обод мекарданд. Шумо бовар мекунед, ки дар Театри Лоҳутӣ мардум билет пайдо карда наметавонистанд. Театр ҷойи ҳар зиёиву коргару деҳқон буд. Ҳар нафаре, ки ба Душанбе меомад, аввал аз Театри Лоҳутӣ дидан мекард.

Композиторҳову адибон ҳамеша дар атрофи театр буданд. Турсунзодаву Улуғзодаву Икромӣ ва дигар нависандаҳои бузурги советии тоҷик дар Театри Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд. Онҳо дар театр кор мекарданд, ҳар як намоишро 5-6 маротибамедиданд. Театр бояд асоси таҳрики зиёиёни мамлакат бошад. 

Театри Лоҳутӣ рӯ ба рӯи масҷиди марказист ва замони ободии театр мардум аз масҷид дида, ба театр бештар меомаданд. Ҳоло чӣ? Қобили қиёс ҳам нест…

Оё кинои тоҷик  эҳё мешавад?

Чанд сол қабл, вақте сиҳат будам, режиссёрҳо зиёд муроҷиат мекарданд, ки дар филмҳояшон нақш бозам, вале баробари дидани сенария даст мекашидам. Зеро филмномаҳо сатҳӣ буданд. Ҳоло аз вазъи синамо огоҳии комил надорам, вале он чӣ тариқи телевизион мебинам, хеле суст аст.

Ман охирин маротиба дар силсилафилми “Дар орзуи падар” нақш бозидам, ки филми бад набуд.

Барои рушди кинои тоҷик маблағ лозим. Филмҳое, ки дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ сабт мешуд, аз ҷониби империяи бузург маблағгузорӣ мешуд. Бинобар ин, сатҳашон аз филмҳои Аврупову Амрико пасттар набуд.

Филмҳое, ки Борис Кимягаров ё Тоҳир Собиров дар Тоҷикистон сабт карданд, аз ягон филми ҷаҳонӣ камӣ надорад.  Ман ифтихор мекунам, ки дар даврони тиллоии кинои тоҷик кор кардам ва нақшҳои нағз офаридам.

Ёдам намеравад, соли 1967 Рӯзҳои адабиёт ва санъати тоҷик дар Маскав шуд. Ману Тоҳир Собиров бо филми “Хиёнат” ба Маскав рафтем. Дар кинотеатри Россия нахустнамоиши филм баргузор гардид. Ҳазорон одам маро болои даст бардошта буданд, суратгирҳо, журналистон дар бораи ин филм мегуфтанду менавистанд. Аммо ин филмҳо ҳоло намоиш дода намешавад.

Вале гуворотарин нақши ман Баҳриддин аз “Марги судхӯр” аст. Ин нақш суст аст, вале образи худи Садриддин Айнӣ аст. Вақте ман ин нақшро бозӣ мекардам, пеши назарам худи устод Айнӣ ҷилва менамуданд. Аз ин сабаб, бароям ин нақш муҳим аст. Фикр мекунам, ки “Марги судхӯр” беҳтарин филми тоҷик дар сад соли гузашта аст.

Барзуро касе суроғ намекунад…

Фарзанди ман Барзу, ки аз пайи ман рафт, ҳунарманди ҳирфаии рақами аввали Тоҷикистон. Ӯ аз панҷсолагиаш дар Мактаби мусиқӣ хондааст, Институти санъати Душанберо тамом кард. Модараш Фотима Ғуломова актриса буд, ман саррежиссёр будам. Ӯ дар театр калон шуд. Як умр дар дасти профессорҳои машҳури Иттиҳоди Шӯравӣ хонд. 15 сол дар самти режиссура таҳсил кард. Ягона мутахассиси дараҷаи баланд дар Осиёи Миёна аст.

Вақте  “Отелло”-ро солҳои навадум дар Ӯзбекистон ба намоиш гузошт, театри Ӯзбекистон ба тамоми ҷаҳон бо ин намоишнома сафар карда, машҳур шуд. Дар Қирғизистон ҳам ҳамин тавр шуд. Имрӯз дар Қазоқистон ҳам намоиш гузоштаасту ба ҷашнвораҳои ҷаҳонӣ меравад. Аммо дар Тоҷикистон касе ӯро суроғ намекунад. Намегӯянд, ки биёед дар мо ҳам намоишнома гузоред.  

Медонам, Барзу ба хотири мавқеи сиёсиаш, ба хотири интервюҳое, ки медиҳад, шомили “рӯйхати сиёҳ” аст, аммо… ин набояд сабаб шавад, ки як ҳунарманд дар ватанаш кор наёбад.

Дилам аз ҳама чиз монд

Чанд сол аст, ки беморам. Дар ин вақт дар мавриди чизҳои зиёд андешидам. Рости гап хеле афсӯс мехӯрам, ки аз потенсиали ман истифода нашуд. Маро дар 60 — солагӣ аз театр ронданд… Ронданду фаромӯш карданд. Солҳои бемориам низ кам суроғам карданд. Фақат Лутфулло Давлатов баъди директори Театри Лоҳутӣ шуданаш суроғам кард. Ростӣ дилам монд, аз ҳама, аз ҳама чиз… Фақат шукр мекунам, ки фарзандони нағз дорам…

Одил Нозир, “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *