Ҳабс барои дашном ва алфози қабеҳ нисбати аъзои оилаи худ

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошту ҳабси сокини Душанбе хабар дод, ки нисбати дигар аъзои оилаи худ дашному ҳақорат ва алфози қабеҳро истифода намуда, боиси озору азияти онҳо гардидааст.

Кормандони милитсия муайян кардаанд, ки шаҳрванд Икромов Асадулло, санаи таваллудаш 19.04.1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Спитамен, муносибатҳои дағалонаву ноустуворро ба роҳ монда, бо амалу рафтори нохушоянди худ боиси озори аъзои оила гардидааст. Номбурда нисбати дигар аъзои оилаи худ дашному ҳақорат ва алфози қабеҳро истифода намуда, боиси озору азияти онҳо гардидааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда тибқи талаботи моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ аз ҷониби суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *