Ҳабси ду донишҷӯ барои таҳқиру дашноми ҷавонзан

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти ду донишҷӯ хабар дод, ки бо алфози қабеҳ ба ҷавонзане бе ягон сабаб дарафтода, шаъну шарафашро дар миёни мардум паст кардаанд.

Гуфта мешавад, ки як ҷавонзани сокини шаҳри Душанбе, истифодабарнадаи фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар он хусус муроҷиат намуд, ки санаи 24-уми марти соли ҷорӣ ҳангоми дар боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ қарор доштанаш, ду нафар ҷавонони 20-25-сола бе ягон сабаб ба онҳо дарафтода, бо алфози қабеҳ шаъну шарафи номбурдаро паст задаанд.

Ҳамзамон муроҷиатномаи номбурда дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандон қарор гирифта, аз мақомоти милитсияи пойтахт дархост намуданд то амалҳои авбошонаи ҷавонон дар доираи қонун мавриди чораҷӯӣ қарор дода шавад.

Дар натиҷаи баррасии муроҷиати мазкур шахсияти гумонбарон муайян ва дастгир карда шуда, ба мақомоти милитсияи дастрас карда шуданд, ки инҳо Миров Акмал Аброрович, санаи таваллудаш 16.04.2000, истиқоматкунандаи ш.Душанбе кӯчаи Қосимов, донишҷӯи курси 4-уми Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Вадудзода Валиҷон Маҷид, санаи таваллудаш 17.10.2003, истиқоматкунандаи ш.Душанбе кӯчаи Қосимов, донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Зимни мурсиш ва санҷиши ҳамаҷониби ҳодисаи мазкур гуноҳи содирнамудаи номбурдагон исботи худро ёфта, аз ҷониби кормандони милитсия нисбати ҳар ду тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори Суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ таъин карда шуд.

Ҳамзамон, дастгиршудагон аз кидори содирнамудаи худ сидқан изҳори пушаймонӣ намуда, ҷиҳати минбаъд ба чунин амалҳои нангин даст назадан ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *