Ҳабсу ҷаримаи хоҳарон барои майдаавбошӣ дар Душанбе

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз бодошту ҳабс ва ҷаримаи се апаву хоҳар хабар дод.

Апаву хоҳарон Дайхудоева Индира, Дайхудоева Таҳмина ва Аҳёрова Мавзуна ба ҷойи кори А. Саидова омода, ӯро латукӯб кардаанд.

Тавре ки аз навори камераи мушоҳидавӣ дида мешавад, ин се нафар дастгиршуда,  19-уми август ба ҷойи кори Саидова А., воқеъ дар кӯчаи Ш.Шоҳтемур омада, ӯро латукӯб карданд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати се хоҳарон тибқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

“Суд нисбати Аҳёрова М. ҳабси маъмурӣ ба муҳлати ду шабонарӯз ва нисбати Индираю Тахмина Дайхудоеваҳо ба ҳар кадоме ба андозаи 7-нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримаи маъмурӣ таъин намуд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *