Ҳадиса Қурбонова: Дар кӯдакӣ хор шудам, дар пирӣ шоҳ ҳастам…
Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбоноваро ҳамагон мешиносанд ва ашъори дилнишинашро дӯст медоранд. Ҳафтаи равон ба аёдати ин бонуи сухан рафтем…
Ғуруби Хуршед
Бонуи кушодачеҳра, ки баъди ошноӣ Нодира будани номаш ва духтари Ҳадиса Қурбонова буданашро донистам, дарро ба рӯям кушод. Чун мақсади омаданамро гуфтам, маро ба утоқи кории модараш раҳнамоӣ кард…
Дар утоқи на он қадар калон, миёни анбуҳи зиёди китобҳову дастхатҳо шоир машғули навиштан буд. Деворҳои бо аксҳо ороёфта саҳифаҳои умри соҳибхонаро инъикос мекарданд.
Нахостам ин манзараи зеборо халалдор ва парвози эҷоди шоирро парешон кунам, бинобар ин, каме интизор истодам. Нодирабонуи нозанин гулӯ рӯшан кард, то модар аз омадани мо хабардор гардад.
Ҳадиса Қурбонова моро дида, нимхез шуд.
— Ман аз “Тоҷикистон” омадам ба аёдати шумо.
— Ба аёдати ман омадӣ, хуш омадӣ,- бо табассум пешвоз мегирад маро соҳибхона.
— Халал нарасондам?
— Не. Соат чанд шуд?,- гуфта, ба соати девор менигарад ва хандида, идома медиҳад,- аз соати сеи шаб бедорам ва сари миз нишаста кор мекунам… Хуб кардӣ, ки омадӣ, хуб кардӣ, ки халал расондӣ, каме дам мегирам…
— Чӣ менависед?
— Китобе менависам, ки “Ғуруби Хуршед” ном дорад. Ин китоб дар бораи устод Муъмин Қаноат аст, ки ҳамаи мо зери қаноти эшон ба воя расидем. Ин китоб аз ёддошту хотиротам аз устод ва бардоштҳоям аз осори эшон иборат аст.
Воқеан, Ҳадиса Қурбонова дар навиштани ёддошту хотирот маҳорат доранд. Ёддошту хотира ва мақолаву мусоҳибаҳояшон дар дуҷилдаи “Мазҳари Хуршед” нашр шудааст. Навиштаҳои зиёдашон дар мавриди Ҷумъа Одина, Бозор Собир, Миратулло Атоев, Лоиқ Шералӣ ва дигарон дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” чоп шудааст, ки хонанда онҳоро хуб дар ёд дорад.
— Соли гузашта бахшида ба 80-солагии дӯстам Лоиқ китоби “Лоиқи дилҳо”-ро чоп кардам,- мегӯяд Ҳадиса Қурбонова ва аз ҷевон китоби зебоеро ба ман нишон медиҳад,- имсол 90-солагии устод Муъмин Қаноат, ният кардам “Ғуруби Ххуршед”-ро ба дасти чоп диҳам. Қариб як сол аст, ки ин китобро менависам. Ба наздикӣ аз сафар омадам. Имрӯзҳо зиёд сафар мекунам. Дар Алания, дар баҳри Миёназамин будам. Он ҷо дар миёни баҳр ҳам “Ғуруби Хуршед” менавиштам. Дастнависи китоб омода аст. Насиб бошад, то зодрӯзи устод Муъмин Қаноат ба дасти хонанда мерасад…
Орзуи Муъмин Қаноат
Бо Ҳадиса Қурбонова дурудароз дар мавриди устод Муъмин Қаноат суҳбат мекунем. Хотироти эшон аз рӯзгори ҳамқалами бузургашон ҷолиб аст.
“Бо духтарам Нодира ва набераам Маъруф ба Самарқанд, ба зодгоҳи шавҳарам рафтанӣ будем. Он вақт устод Муъмин Қаноат нотоб буданд. Пеш аз сафар хостам дуои эшонро гирем. Устод ҳамроҳи ҳамсарашон Матлубаҷон моро хуб пешвоз гирифтанд. Чун устод фаҳмиданд, ки нияти сафар ба Самарқанду Бухоро дорем, парвоз карданд. Эшон Самарқандро дӯст медоштанд ва ҳамсарашон ҳам самарқандӣ буд. Дар бораи Самарқанд нақлҳои ҷолиб карданд. Дуои нек доданд ва вақти гусел ғамгин шуда, гуфтанд:
— Эҳҳ, Ҳадисаҷон, агар саломатӣ медоштам…”.
— Эшонро, ки чун бародарам буданд, ба оғӯш кашидам ва ҳар ду ашк рехтем. Ин охирин дидорам бо устод буд,- мегӯяд Ҳадиса Қурбонова ва ашк мерезад.
Ҳадиса Қурбонова мегӯяд, ки идеяи навиштани китоби хотиротро дар бораи устод Муъмин Қаноат ҳамсари эшон Матлуба Қаноат додааст: “Баъд аз чор рӯзи чоп шудани “Лоиқи дилҳо” Муъмин Қаноат вафот карданд ва ин китобро нодида рафтанд. Он китобро ба Матлубаҷон ҳадя кардам. Як бегоҳ эшон ба ман занг зада, маро бо чопи китоб табрик карданд. Зимни суҳбат гуфтам, ки дар бораи устод ҳам навиштаҳои зиёд ва ҳам хотироти зиёд дорам, ки як китоб мешавад. “Онҳоро чоп кунед!”,- фармуданд Матлуба”.
— Ҳамин тавр, идеяи чопи “Ғуруби Хуршед” пайдо шуд…,- мегӯяд Ҳадиса Қурбонова.
Шукрона
Аз муаллима дар мавриди суруди машҳури эшон — “Шукрона” пурсидам. Нодирабону даррав онро аз телефонашон рӯшан карданд:
Шукри обат,
Шукри хокат,
Шукри шому шукри
субҳи атрнокат,
Тоҷикистони азизам,
Модари ҷони азизам.
Суруд бо садои ширин ва марғуладори Нуқра Раҳматова дар фазои хона таниндоз шуд.
— Ин шеъри маро оҳангсози машҳур Қудратулло Яҳёев аз рӯзнома хонда, ба он оҳанг баст. Чун бо садои Нуқра Раҳматова ҷӯр шуд, дар дилу дидаи мардум ҷо шуд. Ним аср аст, ки онро ҳама медонанд ва мехонанд. Чанд сол пеш як нафар африқоӣ онро иҷро кард. Дар интернет тамошобини зиёд дорад,- мегӯяд Ҳадиса Қурбонова.
Аз суҳбат бо муаллима маълум шуд, ки сурудҳои эшонро даҳҳо сарояндаи номвар, аз қабили Барно Исҳоқова, Ҷӯрабек Муродов, Зафар Нозимов, Одина Ҳошим, Нуқра Раҳматова, Ҳаётой Муъминова, Парвин Юсуфӣ, Суҳроби Маҳмуд ва дигарон месароянд.
Ошноӣ бо Зиёдулло Шаҳидӣ
Ҳадиса Қурбонова мегӯяд, ки дилбастагии ӯ ба мусиқӣ аз замони кӯдакиаш оғоз шуда, ҳамин аст, ки эҷодиёташ писанди оҳангсозон ва сарояндагон аст. Ҳамчунин, зимни суҳбат бароямон маълум шуд, ки муаллима навозандаи хуб ҳам ҳастанд ва асбобҳои мусиқиро моҳирона менавозанд.
— Дар ятимхона Муҳиба ном духтараке ҳамроҳи мо тарбия мегирифт. Як рӯз вай маро ба хонаи як хешашон даъват кард. Вақте он ҷо рафтам, асбобҳои мусиқӣ хеле зиёд буданд. Ман дар ҳайрат будам. Ва сари пианино нишаста, як оҳангро навохтаву суруд хондам. Ин вақт марде омада, маро назорат мекард. Баъдтар фаҳмидам, ки Муҳиба ҷияни Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ будааст ва ин мард композитори бузург. Дар кӯдакӣ ба ин хонадон бисёр равуо доштам. Ба воситаи Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ бо шахсиятҳои бузург, аз қабили Мирзо Турсунзода, Абдусалом Деҳотӣ, Боқӣ Раҳимзода ва чанде аз композиторон шинос шудам…,- мегӯяд Ҳадиса Қурбонова ва ашк мерезад…
Давлати пирӣ
Суҳбати мо тӯлонӣ идома кард. Ҳар вақт Нодирабону омада аз модар хабардор мешуд. Ростӣ, ба меҳрубониҳое, ки нисбати модараш мекард, ҳавасам меомад.
— Устод, духтаратон ин қадар меҳрубон. На ба ҳар падару модар чунин духтар насиб мекунад,- гуфтам.
— Бале. Ман се духтар дорам. Онҳо маро хор шудан намемонанд. Ҳар лаҳза аз ҳоли ман хабар мегиранд. Вале бештар Нодира бо ман аст. Ӯ маро нағз нигоҳубин мекунад. Кош ҳар модар мисли ман фарзандони меҳурбон медошт. Набераҳоям парончак шудаанд, дар хориҷа зиндагӣ мекунанд. Набераам Маъруфҷон маро ҳар замон ба сафарҳои хориҷӣ мебарад. Дар кӯдакӣ ятиму бекас будам, шукр, дар пирӣ хор нашудам. Фарзандонам ҳеҷ вақт маро хор шудан намемонанд. Давлати пириро ба маънои томаш Худованд ба ман насиб дид. Шукр.
Аз муаллима дар мавриди нақшаҳои эҷодиашон пурсон мешавам.
— Солҳои охир ба навиштани достон машғулам. Достонҳоям “Меҳвари ишқ” (Мавлавӣ), “Хаймаи Хайём” ва “Ҳофиз” дастраси хонанда шуданд. Ҳоло ба навиштани достони “Бедил” машғул ҳастам, зеро ашъори Бедилро хеле дӯст медорам…
— Чун ба албоми аксҳоятон менигарам, мебинам, ки бисёр сафар мекунед…
— Бале. Ман сафар карданро дӯст медорам. Қариб ҳамаи кишварҳои оламро гаштам. Ҳамасола сафар мекунам. Баъзе аз сафарҳои хотирмонамро дар сафарномаҳоям навиштаам…
— Устоди азиз, чанд рӯз баъд зодрӯзи шумост. Аз номи аҳли эҷоди “Тоҷикистон” шуморо табрик мегӯем!
— Ташаккур ба “Тоҷикистон”, ба беҳтарин нашрияи Тоҷикистон!
Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ