Ҳадиса Қурбонова: Ман ошиқи навот, мирам ба пеши пот
Ҳадиса Қурбонова, Шоири халқии Тоҷикистон дар васфи овозхони маҳбуб ва маънисарои тоҷик Ҷӯрабек Муродов шеъре бо номи “Ман ошиқи нигоҳат” бахшидааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаводорони зиёдро пайдо намуд. Pressa.tj дар остонаи 80-солагии ин ҳунарманди мумтоз онро манзури хонандагон мегардонад.
“МАН ОШИҚИ НИГОҲАТ”
Ман ошиқи нигот, эй ҳофизи Худо,
Ту нури ахтарӣ, ту чашмаи бақо.
Садҳо дари биҳишт пӯшед рӯи ман,
Ту ҷаннати манӣ, эй чашмаи зиё.
Як хандаат ба дил тӯфон биёварад,
Савту навои ту эҳсон бипарварад.
Ту чашмаи дилӣ, та мавҷи соҳилӣ,
Хоҳам, ки мавҷаат манро ба худ барад.
Ту Борбади замон, ту шеъру достон,
Манро бибар ба худ ба шаҳри ростон.
Наштар ба панҷаҳот ранҷе наоварад,
Якдонаӣ ба даҳр, эй нағмасози ҷон.
Бурди ба Ҳинду Чин овозаи Ватан,
Тасхир кардаӣ, аз Ҳинд то Яман.
Бар саҳнаи ҷаҳон Яздон атот кард,
Фарзанди тоҷикон, гулбоғи анҷуман.
Кӯҳрудро суруд хондӣ ба баҳру бар,
Дасти Худо ниҳад тоҷат ба фарқи сар.
Хорат кунад касе, хораш кунад Худо,
Дар даҳр гардад ӯ сарсону дар ба дар.
Бо созу нағмаҳот бо лаҳни дилнавоз,
Овозаат бирафт то авҷи коинот.
Ҷонам фидои ту, эй саҳназеби даҳр,
Ман ошиқи навот, мирам ба пеши пот.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ