Ҳафизова: Фирӯза шери нарай
Сарояндаи маъруфи тоҷик Фирӯза Ҳафизова таронаи навбатиашро бо номи “Шери нар” дар ютубканали шахсиаш нашр кард.
Фирӯза Ҳафизова суруди навашро баръакси аксари таронаҳояш бо услуби ором сароидааст. Дар он овозхон то ҳадде нашинохтанӣ шудааст, зеро ҳам имиҷ ва ҳам мимикаву ишораҳояшро ба куллӣ иваз намудааст.
Намоҳанги суруди “Шери нар” дар маркази шаҳри Душанбе, паҳлуи Китобхонаи милллӣ, Боғи парчами давлатӣ, атрофи Нишони давлатӣ, Боғи Рӯдакӣ ва ғайраҳо сабту таҳия гардидааст.
Суруди мазкур дар худ чунин мисраъҳоро дорад:
Нақши лабҳо асалай,
Ҷони ту дар хатарай.
Касера мепурсӣ, мега:
Фирӯза шери нарай.
Асосан, мисраи охири тарона “Фирӯза шери нарай” дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери забонҳо қарор гирифт. Бархе бо ҳам шӯхӣ карда мегӯянду бархеи дигар танқид мекунанд. Ҳаводорони овозхон бошанд, пораҳои сурудро дар саҳифаҳояшон “сториз” карда, муаллифро ба нашри таронаи наваш таҳният гуфтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ