Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон дар Хуҷанд ҷамъбаст гардид

Дар Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукуҳӣ фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» натиҷагирӣ карда шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, фестивали мазкур бахшида ба 145-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ оғоз гардида, бо иштироки адибон, олимон, коршиносони соҳа гузашт.

— Муаззама Расулова, директори китобхона фестивалро ҳусни анҷом бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки имрӯз ифтихор аст, ки дар вилоят чунин фестивали бошукуҳ баргузор мегардад,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки дигар иштирокдорони фестивал низ баромад карда, фикру мулоҳизаҳои худро доир ба сатҳи баргузории фестивал баён намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *