Ҳафтум «Тӯби тиллоӣ». Лео Месси – беҳтарин футболбози дунё

Маросими ҷоизасупории «Тӯби тиллоӣ- 2021» дар шаҳри Париж доир гашт ва дар доираи он беҳтаринҳои футболи ҷаҳонро эълон карданд.

Тибқи иттилои расонаҳо, барои ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ-2021» ҳамлавари «Барселона» – Лео Месси, форварди лаҳистонии «Бавария» – Роберт Левандовски ва нимҳимоятгари итолиёвии «Челси» – Жоржинйо талоши бештар доштанд. Аз ин миён дар натиҷаи овоздиҳӣ Лео Месси сазовори ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ- 2021» гардид.

Гуфта мешавад, Лео Месси бори ҳафтум дар корномаи варзишиаш ба гирифтани ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» даст ёфт, ки ин натиҷа дар таърихи футбол бесобиқа унвон мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Месси дар солҳои 2009, 2010, 2011, 2012, 2015 ва 2019 ин ҷоизаро соҳиб гардида буд. Акнун Лео дар хазинаи дастовардҳояш шаш “кафши тиллоӣ” ва ҳафт “тӯби тиллоӣ” дорад, ки ин натиҷа то имрӯз ба ягон футболбози дигар даст надодааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *