Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу муайян шуд
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу дар Бозиҳои Осиёӣ дар Ҳангжоу муайян шуд. Аз ин риштаи варзиш Тоҷикистонро 6 нафар — Гадоева Фотимахон (48 кг), Ҷафаров Хушдил (62 кг), Абдуллоев Рамшед (69 кг), Абдураҳмони Баҳромҷон (77 кг), Камолов Меҳроҷ (77 кг) ва Раҳмихудоев Хушбахт (85 кг) муаррифӣ мекунанд.
Тавре ТВ “Варзиш” ёдовар шудааст, дар Бозиҳои XIX Осиё, ки аз 19-уми сентябр то 5-уми октябри имсол дар шаҳри Ҳангжоуи Чин доир мегардад, Тоҷикистонро беш аз 100 варзишгар намояндагӣ хоҳанд кард.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, барои иштирок дар Бозиҳои XIX Осиё аз ҷониби 45 кумитаи миллии олимпӣ — аъзои Шӯрои олимпии қора ба кумитаи тадорукоти бозиҳо дархост пешниҳод шудааст.
Ба барномаи бозиҳо 40 навъи варзиш (28 намуди олимпӣ ва 12 намуди ғайриолимпӣ) дохил аст. Бояд гуфт, ки дар ин бозиҳо бори аввал оид ба киберварзиш ва брейк-данс мусобиқот баргузор мешаванд.
Иштироки варзишгарони тоҷик ба ҷуз аз ҷудо, дар риштаҳои бокс, варзиши сабук, куштии озод ва юнонию румӣ, вазнабардорӣ, шиноварӣ, камонварӣ, тирандозӣ, таэквондо, каратэ, кураш ва шоҳмот дар назар аст.
Мусобиқаҳо дар 54 майдони варзишӣ дар Ҳангжоу ва 5 шаҳри музофоти Чжетсзян — Нинбо, Вэнчжоу, Сзинхуа, Шаосине ва Ҳучжоу доир мегарданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ