Ҳайати нави ҲХДТ интихоб шуданд
Имрӯз, 18 декабр дар Кохи Борбад Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, дар он 1473 вакил аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуданд.
Бо ҷонибдории вакилони анҷуман бори дигар Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб гардид.
Ҳамчунин, Маликшо Неъматзода – муовини якум, Абдуллозода Умеда Бекмурод ва Каримзода Мирзоқосим муовинони раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шуданд.
Дар анҷуман ҳайати нави Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб, раёсати Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ва дигар мақомоти сохторҳои ҳизбӣ низ тасдиқ гардидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ