Ҳайати соҳибкорони Амрико ба Тоҷикистон меоянд
Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик ҳайати соҳибкорони Амрико таҳти роҳбарии директори иҷроияи Шурои тиҷоратии Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон оянд.
Омодагӣ ба сафари ҳайати соҳибкорони Амрико ба Тоҷикистон дар мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷуҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер дар Душанбе баррасӣ гардид.
Ҳадафи сафари доираҳои соҳибкории Амрико ба Тоҷикистон шиносоӣ бо фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ, фаъолияти соҳибкорӣ ва лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва густариш додани ҳамкорӣ байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва сохторҳои дахлдори Амрико, аз ҷумла Палатаи савдои Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикистон, Шурои тиҷоратии Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро матраҳ намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ