Ҳайати вакилони Парлумони Тоҷикистон ба Брюссел сафар карданд
11 майи соли 2022 дар чаҳорчубаи барномаи Ҷаласаи lX Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Аврупо мулоқоти ҳайати Тоҷикистон зери роҳбарии Дилрабо Мансурӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ноиб-президенти Парлумони Аврупо Ҳейди Ҳаутала баргузор гардид.
Зимни мулоқот масоили мухталифи ҳамкориҳои Тоҷикистону ИА бо тамаркуз ба масъалаи воридшавии Тоҷикистон ба низоми умумии имтиёзоти GSP+ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Худи ҳамон рӯз мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Белгия ва Тоҷикистон зери роҳбарии сенатор Тим Ванденпут баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар фазои дӯстона роҳҳои тақвияти минбаъдаи муносибатҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Подшоҳии Белгияро баррасӣ намуда, ҳамзамон роҷеъ ба муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои қобили таваҷҷӯҳ мубодилаи афкор намуданд. Таваҷҷӯҳи хоса ба масъалаҳои гуногуни байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, вазъият дар Афғонистон ва тамоюлхои кунунӣ дар сиёсати чахонӣ равона шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ