Ҳайати вилояти Рязани Русия барои ҳамкорӣ ба Суғд омаданд
Ҳамкориҳои вилояти Суғд бо вилояти Рязани Русия тақвият меёбанд. Дар ин бора зимни мулоқоти ҳайатҳои дуҷониба, ки дар шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, зикр ёфт.
Бояд қайд кард, ки ҳайати расмии вилояти Рязани Русия бо роҳбарии муовини раиси вилояти Рязан Юля Швакова вориди шаҳри Хуҷанд шудаанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот бо ҳайати Рязан таъкид кард, ки ҳамкории ду давлати дӯст беш аз пеш густариш меёбад.
“Дар ин замина вилояти Суғд бо минтақаҳои гуногуни Русия муносиботи ҳасана дошта, мубодилаи молу маҳсулот сол аз сол афзоиш меёбанд”, — гуфт ӯ.
Инчунин раиси вилоят қайд кард, ки имрӯзҳо даҳҳо корхонаҳои муштарак дар вилоят фаъолият доранд.
Раиси вилояти Суғд таваҷҷуҳи меҳмононро ба масъалаи таъсиси корхонаҳои нав, ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, ҳунармандӣ ҷалб намуд.
Дар ин самт бо қаноатмандӣ гуфта шуд, ки Палатаҳои савдо ва саноати вилоятҳои Суғд ва Рязан бо тақвият бахшидани фаъолият аз имконоти мавҷуда истифода намуда истодаанд.
Муовини раиси вилояти Рязан Юля Швакова иброз дошт, ки ҳадаф аз ташрифашон ба вилояти Суғд, пеш аз ҳама густариши ҳамкориҳо, шиносоӣ бо зарфиятҳои мавҷуда ва дарёфти шарикон дар самту соҳаҳои мухталиф мебошад.
Номбурда изҳори боварӣ намуд, ки ин дидору мулоқот ва гуфтушунидҳо дар амалӣ шудани нақшаву барномаҳои нав, ки метавонад ба нафъи ҷонибҳо бошад, мусоидат намояд.
Гуфта мешавад, ки дар доираи сафар ба вилояти Суғд ҳайати расмии вилояти Рязани Русия аз корхонаҳои саноатӣ дидан намуда, бо соҳибкорону роҳбарони корхонаҳои саноатӣ мулоқот хоҳанд кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ