Ҳайфи дӯстони ҷонӣ. Ёди Амиршо Миралиев
Соли кас агар ба баландиҳои баланд расад, барояш ҳам хушӣ ва ҳам нохушӣ. Хушӣ аз он ки дар давоми солҳои умр соҳиби ҳама чӣ: обрӯю эътибор, фарзандони баркамол, набераю абераҳо мешавӣ ва нохушӣ ҳам ки пеши кас баъзе дӯстон, наздикон, ҷигарбандон аз олам мегузаранд, аз онҳо мемонӣ. Ҳар яке куҳи ғам.
Ҳамин рӯзҳо бароям боз куҳи ғам, боз нештаре ба дил пурсӯзугудозтар. Хабари нохушро, аввал писарам Парвиз дар шаҳр шунида, дар ҳарос, ки онро чӣ навъ ба падар расонад. Ба завҷаам гуфта, ки илоҷе ёбаду тарзе ба банда гӯяд, осонтар гузарад. Баъди занги Парвиз ранги рӯи ӯ канд, аз гап монд. Лаҳзаҳо хомӯшӣ, сукут. Ниҳоят вай ба забон омад:
— Медонед чӣ гап шуда?,- ба банда рӯй овард.
— Чӣ гап?,- хавосам парешон гашт.
— Тоқат кунед, тоб биёред,- гӯё маро насиҳат кард.
— Гӯй охир, ғам нате,- овозам баланд.
— Як дӯстатон,- забон мехоид.
— Кадом дӯстам, ягон воқеа?,- тоқатам намонд.
— Амиршо Миралиев…,- бо азоб ин ҳарфҳо ба забонаш омаданд.
Олам ба назарам торик, чӣ хабаре? Беҳолу бемадор, қарибе меафтодам, такя ба девор додам. Солҳои сол, аз ҷавонӣ, аз давраҳои комсомолӣ мо бо ҳам дӯсту бародар, ошно.
Чӣ сабабу чӣ боисе, буд, ки мо ҳамдигарро шинохтем. Вай арбоби намоёни давлатӣ, сиёсӣ, дар вазифаҳои баланди ҳукумат, банда як аҳли қалам… Бо ҳам мо хешу табор ҳам не, аз ҳам дур. Амиршо аз ноҳияи Данғара, ман аз як деҳаи ҷамоати деҳоти Роҳатӣ.
Сабаби шиносоӣ ва ошноиам бо Амиршо ба худам маълум. Ба сари банда як воқеаи нохуш омад. Дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон”, ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”, кор мекардам. Аз деҳа ба рӯзнома омада будам. Олудаи урфу одат, анъанаҳои гузаштаи аҳли деҳа, ки бо онҳо зиста, калон шудаам. Рӯзҳои аввали ба рӯзнома омадан тӯпӣ пӯшида мегаштам, тӯпии гулдор, захми сӯзани модарам, мӯйсар намемондам, галстук намебастам, намоз мехондам, зикри Худою Расул, ки дар замони шӯравӣ гуноҳ. Бо ҳамкорон якҷоя ба хӯрокхӯрӣ намерафтам, нони ҳалол гуфта, аз хона нону кулча оварда, чой менӯшидам, аз нӯшокиҳо парҳез, қатрае ба даҳон намебурдам, боз ба ҳамкорон мефармудам, ки нанӯшанд, мусулмон шаванд. Дар назарҳо шубҳаовар менамудам, бар замми ин банда фарзанди мулло, ба гуфтаи он давр унсури бегона.
Дар Кумитаи марказии Комсомоли ҷумҳурӣ аз хусуси ман хеле гап шуда. Айби газета, ки ба минбари идеологӣ чунин фарде ба кор омада. Гӯё кадом як равияи зарароварро тарғиб мекардаам. Аз ин хабар котиби дуюми Кумитаи марказии Комсомол, марди ғайри тоҷик бештар дар ташвиш ва дар ғазаб ҳам.
Маро ба ҳуҷраи сармуҳаррир хонданд, ҷавоне ҳамроҳаш, ӯ вайро ба ман шиносонд, намоянда аз комсомоли ҷумҳурӣ, мудири шуъба, Амиршо Миралиев. Ману Амиршо Миралиев бо ҳам суҳбат мекардем. Ӯ хабару мақола, ҳикояҳои маро аз газета хонда будааст, мазмуни “Гӯшвора” ном ҳикояамро нақл кард. Ба мисли мухлис, ихлосмандам. Аз рӯи мизи сармуҳаррир коғазеро гирифт, фармони аз кор рафтани ман, онро хонд. Гуфт, ки вай ба фармон розӣ нест, ман бояд дар газета кор мекардаам, боз гуфт, ки мудири шуъба мешудаам. Пас аз суҳбати тӯлонӣ аз ман як хоҳиш намуд: “Дигар тӯпӣ напӯшам, ба мисли ҳамроҳон шавам”.
— Маъқул?,- пурсид.
— Маъқул,- суханашро ба забон овардам.
— Даст те,- аз ҷой бархост.- Мою ту ҷӯра, ошно.
Мо дасти ҳамдигарро фишурдем. Амиршо Миралиевро ҳамроҳи сармуҳаррир гуселондем.
Ана аз ҳамон рӯзи “Мо бо ҳам ҷӯра, ошно” гуфта, дасти ҳамдигарро фишурдани ману Амиршо қариб ним аср мегузарад, аз ҳоли ҳамдигар мо огоҳ, бо ҳам дӯст ва бародар. Агар ӯ намебуд, аз газета мерафтам, ба номи нависандагӣ, ба унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон намерасидам.
Имрӯз чоршанбеи 6-уми декабр, соли 2023, рӯзи фавти бародар Амиршо Миралиев. Ба бахташ рӯзи гарму нарм, аз тамоми ҷумҳурӣ барои видоъ омадаанд, як майдони васеъ аз одамон пур, мавриди ҷаноза. Майит дар пешгоҳ, дар рӯи замин, болояш бо як қабат сон пӯшида, дар лаҳзаҳои ба хок рафтан. Дар зиндагӣ қасру кушк, хонаю дари боҳашаммат, тарабхона, марказҳои савдо, молу ҳоли дунё нагуфт, ки дар рӯзҳои мо ин гуна вазифадорҳо каманд.
Умре дар шаҳр мезист, Худо дар дилаш андохту дар охир зодгоҳ, хонаи падарӣ, гӯристони гузаштагон гуфт. Бо чашмони пури оби дида, дилу ҷигари бирён аз паси тобуташ қадам мемондам, бегоҳи ҷумъа бо хок меравад. Фаромӯшаш намекунам. Хайр, хайр, бародари азиз, Амиршоҳ, бо ӯ падруд мегӯям. Хайр!
Кароматуллоҳи МИРЗО,
Нависандаи халқии Тоҷикистон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ