Ҳакамони пулдӯстдор. Аз сарнавишти Диловар то пандҳои Нуъмон Азизӣ

Диловар дар мизе нишаста, китоб мехонд. Аз шавқ чунон ба китобхонӣ банд буд, ки аз оламу одам парвое надошт, зеро ин ҳиссиётро китобдӯстон нек медонанд, ки чӣ гуна аст. Кас худро дар дохили асар гумон мекунаду аз шавқ ҳаводиси атрофро фаромӯш месозад.

Дар рӯйи мизи Диловар ба ҷуз китоби хондаистодааш боз қариб даҳ китоби дигар меистоданд, ки тамошобин гумон мекард, вай бисёр худнамоӣ мекунад. Вале ин тавр набуд. Диловар он рӯзҳо ба озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» чунон тайёрӣ медид, ки ҳадафи ягонааш сазовор шудан ба ҷойи аввал буд. Ӯ муборизи асил буд, то ин вақт ба ҳар коре, ки азм намояд, то охирин нуқта мерафт. Масалан, замоне дар мактаб мақсад гузошт, то ба озмуни байни мактаббачагон аз фанни таърих равад. Устод Саид Маъруфов вақте рӯйхатро дар ҷамъомади пагоҳирӯзӣ мехонд, номи Диловар Кишваровро бо тамасхури зиёд ба забон оварду давом дод: «Ин бачаи чалласавод, ки аз таърих «т»-ро намедонад, чӣ гуна ба олимпиада мерафтааст? Монед-е!». Ин сухани муаллими фанни таърих, ки нисбати Диловар хусумати авлодӣ дошт, чунон ба навҷавон таъсир намуд, ки дар муддати 20 рӯз комилан тайёр шуда, дар озмун ҷойи 3-юмро сазовор гашт. Аслан, ба ҷойи аввалро гирифтанаш ҳам боварӣ дошт, лекин муаллими фанни таърих ба ҳакамон пул ваъда карда, ӯро ҷойи якум гирифтан намонд. Ҳакамони пулдӯстдор пулро дидаву яку якбора ғуломвор даст пеши бар кори муаллимро ҳал карданд. Холҳояшро кам карда, ба ӯ ҷойи сеюмро доданд. Диловар аз асли масъала огоҳ шуда, худи ҳамон рӯз ба назди мудири маорифи ноҳияашон рафта, бо роҳе иҷозатномаи иштирокро дар даврҳои дигар ба даст даровард. Пагоҳ дар мактаб ҳама ӯро таърифу табрик менамуданд. Ба ҷуз муаллими фанни таърих, ки ҳатто ин ҷойи сеюми Диловарро ҳам дидан намехост. Ӯ бо кӯшишҳои зиёд он вақт то даври ҷумҳуриявӣ рафта, ҷой гирифта буд…

Диловар мехост бо яке аз адибони барҷаста устод Нуъмон Азизӣ вохӯрад. Ӯ одамони бузургро аз шабакаҳои иҷтимоӣ ёфта, бо онҳо ҳамсуҳбат мешуд. Вақт таъин шуд, ки дар китобхона вомехӯранд, вале ним соат пеш аз вохӯрӣ устод Азизӣ ба Диловар занг зада, бо таъкид пурсон шуд, ки аниқ ба вохӯрӣ тайёр бошад? Агар тайёр набошад, метавонад баъдан вохӯрад. Вале Диловар ин вохӯриро аз даст надода, ба омадани устод тарафдорӣ кард. Устоди хоксор худ ба китобхона омада истода буд. Вале вақте Диловар даст ба ҷайбаш бурд, дар кисааш ҳамагӣ маблағи як сафар дар маршрут дошту аз ин ҳол бисёр хиҷолатзада. Ба Карим — ҳамсинфаш, ки ягона дӯсту ғамгусораш буд, занг зада, хоҳиш кард, то ба корташ маблағ партояд. То омадани устод ба китобхона ҳамагӣ 15 дақиқа монда буд. Тасодуфан Карим маблағро ба корти гумшудаи Диловар мегузаронад. Диловар аз ин бисёр ранҷида, намедонад дигар чӣ кор кунад. Дар назди устоди бузург шояд хиҷолат кашиданашро тахмин намуда, аз китобхона берун мешавад. Аввал фикр мекунад, вале чун роҳе намеёбад, телефонашро хомӯш намуда, ба иҷорахонааш меравад. Вай аз Нуъмон Азизӣ омӯхтани бисёр чизҳоро интизор буд, вале надоштани маблағ ба ин кор монеъ гашт. Шояд ин рӯз ба ӯ маблағ он қадар лозим ҳам набуд, вале ба ҳар ҳол…

***

Бо кӯшишҳои зиёд Диловар ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт. Инак, фаро расид рӯзи озмун. Диловар бо як ҳиссиёти тасвирношуданӣ ба толори пуркамераи номинатсияи «Адабиёти муосир» ворид мешавад. Ҳангоме дар пешорӯйи ҳакамон қарор мегираду сар боло мекунад, беихтиёр шах шуда мемонад. Зеро яке аз аъзои ҳакамон устод Нуъмон Азизӣ буд.

Баъди 5 ё 6 суол Диловар ба худ омад. Қадре нафасашро чуқуртар кашида, қоматашро рост гирифт. Ба чашми устод диққат накарда, ба саволҳо ҷавоб дод. Озмун хотима ёфту ӯ ҳаргиз фикр ҳам намекард, ки сазовори ҷой мегардад. Вале тасодуфи аҷибе рух дод. Субҳи эълони натиҷаҳо ногоҳ аз телевизор номи Диловарро дар қатори ҷойи 2-юм дарёфтанд. Диловар ба ин натиҷа бо ду дид нигоҳ мекард: яке ин ки шояд ягон хатое шуда бошад; дигар ин ки… устод ӯро шинохта, кумакаш кардааст.

Сабаб ҳам ба пешфарзи дуюми Диловар наздиктар буд. Инро ӯ замоне дарёфт, ки ҳангоми гирифтани ҷоиза устод Азизӣ шахсан туҳфаро ба ӯ супориду бо як чашмакӣ ба кисааш чизе андохт. Дар кисааш устод номае андохта буду дар он навишта шудааст: «Писари азиз! Ман дар ин қадар сол фаъолият кардам, ту нахустин ҷавоне будӣ, ки панди пиронро дӯст медоштӣ. Онҳое, ки бо ман суҳбат оростаанд, ангуштшуморанд, зеро ҷавонони мо имрӯз ба бузургон эътибори кам медиҳанд. Ту мубориз ҳастӣ, писарам. Ман дар симои ту ояндаи бузургро мебинам. Панди пиронро ҳамеша сармашқи корат кун. Ҳама қолабҳоро шикан, то пул туро асир накунад. Ман он рӯз бо сабабе ба китобхона нарафта будам. Шогирдам тахминан 5 дақиқа дертар ба наздат мерасад, то узри маро расонад, вале ӯ аз рӯйи акс туро дар назди китобхона мебинаду оҷилан парешонҳол баромаданатро ба ман хабар дод. Ман аз асли кор бо андешаи худ огоҳ шудам. Писари азиз, ғуломи пул нашав! Бо эҳтиром, Нуъмон Азизӣ, адиб».

Қаландар НОРОВ,

донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *