Ҳакимзода ба Мамлакат кумак кард (видео)

Малакат дар Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар бо ҷалби табибони соҳибтахассус муолиҷа хоҳад гирифт.

Баъд аз он ки дар сомонаи Oila.tj матлабе оид ба вазъи саломатии Мамлакат Хоҷаева, сокини 31-солаи деҳаи ба номи Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба нашр расид, бо дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба дидорбиниаш рафтанд.

Ба Мамлакат Хоҷаева, ки модари як фарзанд буда, ба сабаби бемориаш озодона роҳ рафта наметавонад, аз номи раиси вилоят маводи ғизоӣ, аз қабили орд, равған, шакар, гӯшт, биринҷ, пиёз, картошка, сабзӣ, инчунин аробачаи маъюбӣ дастрас карда шуд.

Носирҷон Маъмурзода, сухангӯи раиси вилоят ба Pressa.tj гуфт, ки тибқи дастури Қурбон Ҳакимзода, шаҳрванд Мамлакат Хоҷаева аз ташхиси мукаммали тиббӣ гузаронида шуда, дар Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар бо ҷалби табибони соҳибтахассус муолиҷа хоҳад гирифт.

Мамлакат Хоҷаева ва модараш аз ёрии амалии роҳбарияти вилоят изҳори сипос намуда, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тамоми маъюбону эҳтиёҷмандонро таҳти ғамхории махсус қарор додаанд, миннатдории самимӣ баён карданд.

Пизишкон табобати Мамлакат Хоҷаеваро дар муассисаҳои тиббии мамлакат имконпазир мехонанд ва барои дармонёбии мавсуф аз тамоми имконоти мавҷуда истифода хоҳад шуд.

https://oila.tj/news/sarnavishti-talkhi-zane-ki-chorpoya-ro-megardad

Табобати Мамлакат Хоҷаева таҳти назорати раиси вилояти Хатлон сурат хоҳад гирифт.Агар ҳамаи роҳбарон нисбати ранҷурону бенавоён ҳамин гуна ғамхор мебуданд, дар ин ҷомеа зистан  боз ҳам гуворотар мегардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *