Ҳакимзода барои ғолибони 3 озмун 628 000 сомонӣ медиҳад (аудио)
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон барои ғолибони даври вилоятии се озмуни ҷумҳуриявӣ — «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ва «Илм — фурӯғи маърифат» 628 ҳазор сомонӣ ҷудо кард.
Дар даври вилоятии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои барандагони ҷойи якум 3000 сомонӣ, ду ҷойи дуюм 4000 сомонӣ (ба ҳар яке 2000 сомонӣ) ва ду ҷойи сеюм 2000 сомонӣ (ба ҳар яке 1000 сомонӣ) мукофотпулӣ пешбинӣ шудааст. Инчунин, ғолибони даври вилоятии озмунҳои «Илм — фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» низ бо ҳамин миқдор мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
“Устодону волидайни иштирокчиёни озмунҳо бо ифтихорномаю мукофотпулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ мегарданд. Ба ҳамаи онҳое, ки дар даври ҷумҳуриявии ин озмунҳо ҷойҳои ифтихориро соҳиб мешаванд, чун соли гузашта аз ҷониби раиси вилояти Хатлон иловатан ҷоизаҳои пулӣ тақдим карда мешаванд”,- иттилоъ медиҳад маркази матбуоти раиси вилояти Хатлон.
Моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ