Ҳалима Абдуллоева: Аз чорвопарварӣ бой шудам
Ҳалима Абдуллоева ягона зани омӯзгори математика дар минтақаи Хатлон аст, ки ба чорвопарварӣ рӯ овардаасту зиндагии худу оилаашро аз ин ҳисоб пеш мебарад.
Вақте ба ҳавлии Ҳалима Абдуллоева ворид гаштем, ӯро миёни говҳои оғилаш пайдо намудем. Як тараф дегҳои пур аз кунҷора, аз тарафи дигар тупи калони алаф ва асбобҳои алафмайдакунӣ меистод. Пушти дарвозааш саргини говҳояшро таппак карда, ба харидорон пешниҳод мекард. Гуфтан мумкин аст, ки холаи Ҳалима аллакай мавқеи худро дар ин самт пайдо кардааст.
Муаллимаи математика чӣ тавр чорвопарвар шуд?
Холаи Ҳалима 60 сол дорад ва аз соли 2019 ба соҳаи чорводорӣ машғул шудааст. Зимни суҳбат қадамҳои нахустини ба ин соҳа рӯ оварданашро чунин қисса кард: “Бори аввал бо кӯмаки яке аз ташкилотҳои қарзии хурд маблағ гирифта, гови гӯсоладор харида, онро як муддат нигоҳубин намудам. Гови ширдор барои ҳар як хонавода баракати зиёд меорад, ширашро меҷӯшӣ, ҳам кӯдакон мехӯранд, ҳам ҷурғот хобонида, аз он дуғу чакка омода кардан мумкин аст. Хулоса, гови харидаам, як гӯсолаи дигар кард. Ҳардуро 9 ҳазору 800 сомонӣ фурӯхта, дар нисфи пулаш ду гӯсола харидам. Ҳамин тавр тиҷорати худро рушд дода, чӣ хеле мебинед, аз як гов 20 сар гов кардам”.
Абдуллоева то соли 2019 ҳамчун омӯзгори фанни математика ба толибилмон дарс медод. Дар солҳои фаъолияти омӯзгориаш даҳҳо шогирдонро таълим додаву соҳибихтисос намудааст.
Баракати рӯзгорам аз говҳоям аст
Ҳалима Абдуллоева, сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон аст. Ҳарчанд интихоби ин соҳа тасодуфӣ бошад ҳам, вале беҳбуд шудани вазъи иқтисодии зиндагиаш ӯро ҳавасманд кардааст. Ӯ худаш танҳо ба ин кор машғул нест, балки фарзандону келинҳояш низ заҳмат кашида, роҳаташро якҷоя мебинанд. Ҳарчанд ҳавлии холаи соҳибкор ба нигоҳубини 20 сар чорво мувофиқ набошад ҳам, вале ӯ дар фасли гармо ва сармо шароити хубро фароҳам овардааст.
Ҳар рӯз аз говҳояшон 150 литр шир ба даст оварда, онро бо дастгоҳҳои замонавии дар хонаашон насбшуда коркард карда, ба мизоҷон маҳсулоти ширӣ, аз қабили ҷурғоту қаймоқ пешниҳод менамоянд ва бо ин роҳ ба келину писараш ҷойи кори доимӣ муҳайё кардааст.
Ишқи чорво маро мафтун кардааст
Зимни суҳбат аз чашмони холаи Ҳалима муҳаббату самимият нисбат ба касбашро баръало эҳсос кардан мумкин аст. Аксари говҳояш номҳои худро доранд ва ҳангоми ба ҷонварон наздик шудан, холаи Ҳалима ҳамроҳашон суҳбат мекунаду дӯстдорӣ менамояд. Тавре дар суҳбат гуфт: «Аз рӯи одат бо говҳоям суҳбату меҳрубонӣ мекардам, ки садои ҳамсоя аз пушти девор баромад, «Холаи Ҳалима, амакамро меҳрубонӣ карда истодаӣ чӣ?!» хандида, гуфтам “не, бо говҳоям суҳбат дорам» мегӯяд, қаҳрамони мо.
Ҳалима Абдуллоева дар ин самт аллакай мутахассис шудаасту фоидаи хуб ҳам ба даст меорад. Аз ин хотир, ба дигарон низ пешниҳод мекунад, ки ба чорводорӣ машғул шуда, вазъи зиндагиашонро беҳтар намоянд.
Маҳинаи ДАВЛАТ, Душанбе-Кушониён-Душанбе
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ