Ҳалокати 13 нафар бар асари офати табиӣ дар Ваҳдату Рӯдакӣ

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва бозмондагони шахсони дар натиҷаи офати табиӣ ҳалокшуда изҳори ҳамдардӣ намудааст.

Бояд гуфт, ки дирӯз бар асари боридани борони зиёд дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ офати табиӣ рух дода, дар натиҷаи он 13 нафар одамон, аз ҷумла 11 нафар дар шаҳри Ваҳдат ва 2 нафар дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳалокат расидаанд.

Роҳбари давлат ҳамчунин ба Сарвазири мамлакат, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор супориш додааст, ки ба оилаҳои шахсони дар натиҷаи офати табиӣ ба ҳалокат расида кумак расонида, доир ба бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ чораҳои фаврӣ андешанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *