Ҳалокати 6 нафар дар шоҳроҳи «Хуҷанд-Истаравшан» (5 акс аз ҷойи ҳодиса)
Нисфирӯзи 25-уми апрел дар шоҳроҳи «Хуҷанд-Истаравшан», ду мошини сабукрави тамғаҳои «Мерседес-бенс» ва «Опел-вектра» ба ҳам бархӯрданд. Дар ин бора корбари Фейсбук Ҷамшеди Маъруф дар гурӯҳи «Шарҳи навиди Суғд» хабар додааст.
Дар натиҷа, мошини тамғаи «Мерседес-бенс» се тақсим шуда, чаҳор нафар мусофирони ҳардуи ин нақлиёт дар дохили мошин ва дуи дигар берун аз мошин буданд.
Аз рӯи мушоҳидаҳо ва ба гуфтаи пизишки ёрии таъҷилӣ, бар асари ин садама 6 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ