Ҳалокати чор ҳамшира аз COVID-19
Кумитаи тандурустии Санкт-Петербург марги чор ҳамшираи шафқатро, ки эҳтимол аз каронавирус фавтидаанд шарҳ дод. Дар ин бора “РИА новости” хабар медиҳад.
Кумита дар як баёнияи худ дар шабакаи иҷтимоии Telegram як рӯйхати ғайрирасмиро нашр кард, ки баробари табибони аз каронавирус фавтида номи чор ҳамшираи шафқат низ дида мешавад. Тавре дар баёния гуфта мешавад:
«Дар бораи пештар чи бемориҳои аз сар гузаронидани ҳамшираҳо чизе гуфта наметавонем. Аммо ҳаминро бояд гуфт, ки онҳо дар иҷрои вазифаи хизматии хеш ба вируси карона мубтало шуда ҷони худро аз даст доданд”.
Инчунин дар баёния гуфта шудаас, ки рӯзи шанбе, анестезиолог Сергей Белошитский, ки дар беморхонаи реаниматсионӣ “S. P. Botkin”-и Санкт-Петербург кор мекард ба вирус гирифтон шуда, вафот кардааст. Гуфта шудааст, ки Белошитский пештар аз бемории пневмония ранҷ мебурд ва COVID-19 зуд ба организми ӯ ворид гардида боиси маргаш гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ