Ҳалокати ду кӯдак дар Хатлон. Яке ба дарё ғарқ шуд, дигаре зери сел монд

Рӯзҳои истироҳат дар вилояти Хатлон бар асари сел ва ғарқшавӣ дар дарё ду нафар ба ҳалокат расиданд. Мутаассифона, ҳардуи онҳо ноболиғ мебошанд.

Раҳмонзода Бахтиёр, сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, ки рӯзи 25-уми май кӯдаки 12-сола аз деҳаи Қизилсуи ноҳияи Фархор дар вақти чаронидани чорво дар чарогоҳи кӯҳӣ зери сел мондааст. Ӯ мегӯяд, кӯдак дар чаронидани чорво ба падараш кумак мекардааст.
«Баъди зери сел мондан мутаассифона, ноболиғ ба ҳалокат мерасад. Ҷасади ӯро аз деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Шамсиддин Шоҳин пайдо карданд», -гуфт номбурда.

Раҳмонзода Бахтиёр афзуд, ки рӯзи 26-уми май кӯдаки шашсола, сокини деҳаи А. Муродови ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритус дар дарёи Кофарниҳон ғарқ мешавад. Ба таъкиди вай, сабаби ғарқшавии кӯдак беназоратӣ дар вақти баромадан аз хона аст. Ҳоло наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон дар дарёи Кофарниҳон ҷасади кӯдакро ҷустуҷӯ доранд.
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *