Ҳалокати ду зани ҳомила аз COVID-19 давоми як ҳафта
Дар беморхонаи шаҳри Тошканди Ӯзбекистон, боз як зани ҳомиладори 22-сола аз бемории COVID-19 даргузашт, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Ӯзбекистон.
Тибқи иттилои вазорат, ин зан сокини ноҳияи Учтепаи Ӯзбекистон буда аз 15 то 18 июл дар қисми эҳёгарии маҷмааи таваллудхонаи № 9 шаҳри Тошканд бо ташхиси «ҳомиладории 2, таваллуди 2, олигогидрамниосияи шадид, пневмонияи дуҷониба» табобат мешуд.
Рӯзи 18 июл дар вуҷуди бемор дар баробари пневмонияи дуҷониба инчунин каронавирус низ ошкор гардид. Баъдан бемор аз хурӯҷи дард бо мушкилии шадиди роҳи нафас ва дилу раг гирифтор гардида, шоми 29-уми июл мефавтад.
Ҳодисаи ҳалокати занони ҳомила аз каронавирус дар Ӯзбекистон нав набуда қаблан низ як зани ҳомилаи 30-сола бар асари ин бемори ҳалок гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ