Ҳалокати машҳуртарин табиби тоҷик дар Санкт-Петербург
Нусратулло Юсуфбеков як пизишки тоҷик дар саҳифаи фейсбукаш бо таасуф хабар медиҳад, ки яке аз дустони хуби ӯ, табиби машҳур Аъзам Холиқов, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия кору фаъолият мекард, дар сину 48-солагӣ даргузашт.
Гуфта мешавад, ки Аъзам Холиқов дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия мудири шуъбаи анестезиология ва реаниматсияи Диспансери кору фаъолият мекард. Мавсуф рӯзи 26 июл дар ин шаҳр дар сини 48-солаги бо иллати бемории номаълум дунёро тарк кард.
Дар бораи иллати марги ӯ чизе гуфта намешавад, вале бино ба иттилои баъзе маълумотҳо Аъзам Холиқов моҳи марти соли ҷорӣ довталабона ба бемористони Боткин омад, то ба ҳамкасбони худ дар мубориза бо коронавирус дасти ёрӣ дароз кунад. Аъзам Холиқов чанд рӯз пеш аз бемористони Боткин ба ҷои кори пешинааш баргашт, вале рӯзи якшанбе дар хонааш ба таври ногаҳонӣ вафот кардааст. Аъзам Холиқов зодаи шаҳри Душанбе буда, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм кардааст. Аъзам Холиқов 27 сол ба ҳайси анестезиолог-реаниматолог кор кардааст, аз ҷумла 22 сол дар диспансери онкологии Петербург. Ӯ яке аз маъруфтарин анестезиологҳои Петербург ба шумор мерафт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ