Ҳалокати муовини сардори БДА аз COVID-19

Қутбуддин Қодиров муовини сардори БДА дар вилояти Хатлон рӯзи 4-уми май дар шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз бемории коронавирус фавтидааст. Дар ин бора “АзияПлюс” хабар медиҳад

Тавре манбаъ иттило медиҳад Амриддин Солиев, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ марги номбурдаро тасдиқ карда, гуфтааст: “Рӯзи 4-уми май Қутбуддин Қодировро дар ҳолати вазнин – бо ҳарорати баланд ва нафастангӣ ба беморхона оварданд. Ӯро дар шуъбаи бемориҳои сироятӣ хобондем. Табибон тамоми кӯшишро карданд, ки ӯро наҷот диҳанд. Мутаассифона, баъд аз ду соат бемор фавтид”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *