Ҳалокати ноболиғ ва марди 42 сола дар садамаи нақлиётӣ

Рӯзи 29-уми марти соли 2020 дар ҳудуди ноҳияи Ёвон ва шаҳри Гулистон садамаҳои нақлиёть рух дода, боиси марги як ноболиғи 2-сола ва як марди 42 — сола гардид. Дар ин бора ВКД хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, Музафарзода Умед Сафаралӣ, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Чойхонаи ноҳияи Ёвон, ба самти ноҳияи А.Ҷомӣ, дар ҳудуди деҳаи Саргаҳи ҳамин ноҳия, пиёдагарди хурдсол Мирзошоев Мустафо Сафарович, соли таваллудаш 2018, сокини ҷамоати деҳоти С.Сурхро, ки аз самти чапи роҳ ба самти рости роҳ мегузашт, пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ Мирзошоев М.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Худи ҳамон рӯз, тахминан соати 16:55-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Старекс», Шехов Ҳотамҷон Муҳаммадҷонович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди шаҳри Гулистон, дар дашти шоҳроҳи “Хуҷанд-Адрасмон” қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон намуда, ба чуқури 21-метр чаппа шудааст. Дар натиҷа, мусофири автомашина, Эшқузиев Сайдулло Эргашович, соли таваллудаш 1978, сокини шаҳри Истиқлол, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофирони дигари автомашина: Одилов Пардабой Авазович, соли таваллудаш 1991, Одилов Илҳом Суюнбоевич, соли таваллудаш 1993, Туяқов Олимҷон Нуриддинович, соли таваллудаш 1984, сокинони ноҳияи Б.Ғафуров ва Манбетов Тоҳир Зоҳирович, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Мастчоҳ, бо гирифтани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба беморхона муроҷиат кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *