Ҳалокати панҷ нафар бар асари садама

Бар асари садамаи рӯзи 7 июл дар Шаҳристон  5 нафар ба ҳалокат расида, ҳашт нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, Ҷамшед Худоёрови 20-сола, сокини ноҳияи Деваштич, бо худрави «Опел Зафира» аз Душанбе ба самти Хуҷанд ҳаракат мекард. «Дар деҳаи Фирдавсии ноҳияи Шаҳристон идораро аз даст дода, мошинро аз роҳ берун карда, ба дараи қариб 50-метра сарозер шудааст», — гуфтанд дар раёсат.

Дар натиҷаи садама 5 нафар, аз ҷумла як кӯдак ба ҳалокат расидаанд. Дар маълумоти вазорат нест вале аз рӯи насаб ва номи падарашон, ҳама аъзои як хонавода буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *