Ҳалокати тифли чорсола дар оби канали деҳаи Боғпарвари ноҳияи Данғара
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ аз як ҳолати ёрӣ хостани шаҳрванд дар пойтахт ва як ҳодисаи нохуш дар ҷануби кишвар хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, 4-уми сентябри соли 2023 соати 00:9 дақиқаи вақти маҳаллӣ як сокини хонаи 33-и кӯчаи ба номи Малика Собироваи пойтахти кишвар ба Қисми навбатдорӣ занг зада, хабар додааст, ки дари утоқи хоби манзили истиқоматиаш, ки дар он тифли дусола танҳо мондааст, баногаҳ пӯшида шудаву қуфл шудааст ва ӯ наметавонад вориди он шавад.
Дастаи имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расида, бо василаи таҷҳизоти махсус бе ягон осеб дари бастаро боз кардаанд. Кӯдак ба ёрии тиббӣ ниёз надоштааст.
Занги дуюм аз ҷануби кишвар расидааст. 3-юми сентябри соли 2023 соати 18:25 дақиқаи вақти маҳаллӣ хабар расидааст, ки дар қаламрави деҳаи Боғпарвари ҷамоати деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон як сокини 4-солаи русто аз беназоратии волидон ҳангоми бозӣ дар наздикии канали деҳа дар об ғарқ шудааст.
Ба ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон фиристода шуда, баъди ҷустуҷӯи бештар аз сесоата ҷасади кӯдакро пайдо кардаву ба волидонаш супурдаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ