Ҳалокати зан дар интизори гирифтани маблағ аз банкомат

Дар Лебапи Туркманистон як зан дар интизори гирифтани маблағ аз банкомат зери пойи  издиҳоми зиёди маблағгирандагон монда, фавтид. Дар ин бора бахши туркмании Озодӣ хабар медиҳад.

Манбаъ хабар медиҳад, ки бинобар кам будани шумораи банкоматҳо дар Туркманистон ҳамарӯза издиҳоми зиёди одамон барои гирифтани маблағ ҷамъ шуда, аксар вақт байнашон нофаҳми сар зада боиси занозани низ мегард.

Рӯзи 22-уми июл дар натиҷаи чунин як задухурди маблағгирандагон як зани 65-сола таги пойи издиҳом монда, вафот кардааст.

Манбаъ меафзояд, ки дар ҳарорати 45- дараҷа гарми ҳамарӯза назди банкоматҳо мардум ҷамъ омада, то шаб дар навбат меистанд.

Гуфта мешавад, ки ҳукумати Туркманистон барои зиёд намудани шумораи банкоматҳои маблағгири то ҳол чора наандешида, баракс шумораи банкоматҳоро рӯз ба руз дар шаҳрҳо кам мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *