Ҳама ҷангиданд,ҳама депорт мешаванд…

Пулиси Маскав дар марҳилаи охирин таҳқиқи задухӯрдҳои оммавии муҳоҷирон қарор доранд, хабар медиҳад РЕН.ТВ

Тавре ки дар гузориш нишон дода шудааст, аксари иштирокчиёни занозанӣ, ки тайи чанд рӯзи охир дар саросари Маскав идома дошт, аллакай боздошт шудаанд.

Мавҷи задухурдҳои оммавӣ байни муҳоҷирон аз миёнаҳои моҳи июл дар саросари Русия паҳн шуд. Ҳама меҷангиданд: дар миёни боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва ҳатто Туркманистон буданд.

Ҳамчунин маълум аст, ки тақрибан сад муҳоҷире, ки қонунҳои Русияро вайрон кардаанд, ихроҷ хоҳанд шуд. Гузашта аз ин, онҳо танҳо пас аз 40 сол метавонанд ба Федератсияи Русия баргарданд.

Яке аз ширкаткунандагони занозании оммавӣ пас аз боздошт гуфт, ки дар миёни боздоштшудагон ҷавонони зиёде ҳастанд, ки ба иғво дода шудаанд.

Ҳоло онҳо тибқи қисми дуюми моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия — авбошӣ, ки бо истифода аз силоҳ ё ашёе, ки аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ содир шудааст, маҳкум хоҳанд шуд.

Ба эҳтимоли зиёд аксари ширкаткунандагони задухӯрдҳои оммавӣ ҷазои ҳадди ақалро хоҳанд гирифт ва аз Русия ихроҷ хоҳанд шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *