Ҳама ободиҳо аз роҳи хуб аст. Ба шарте, ки нигоҳбони масъулиятшинос дошта бошад
Рӯзҳои охир дар заминаи бориши пуршиддат теъдоди тармаҳои хурду бузург дар роҳи Душанбе — Чаноқ 70 ададро ташкил дода, барои бетаъхир бартараф намудани онҳо кормандони филиали “IRS” аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намуданд.
Қобили зикр аст, ки баландии баъзе тармаҳо то 15 метр ва паҳноӣ зиёда аз 200 метр буд. Азми қавӣ ва масъулиятшиносии кормандони ширкати зикршуда боис шуд, ки дар муддати кӯтоҳ монеаҳои мавҷуда бартараф гарданд. Барои зудтар рафъ намудани пайомадҳои ин офати табиӣ 36 техникаву механизмҳои “IRS” сафарбар шуда, аз ҷониби “IRS” ба ронандагону мусофирон озуқа низ тақсим гардид.
Бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавӣ роҳи Душанбе — Чаноқ нигоҳубини 24 соатро талаб менамояд. Таҷриба гувоҳи он аст, ки дар сурати каме бетафовутӣ ба нигоҳдории он мушкилии зиёд рӯи кор меояд. Агар дар фасли тирамоҳу зимистон кормандони «IRS» ба бартараф намудани тармаҳо, мунтазам тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш машғул шаванд, дар мавсими гармо таъмиру таҷдиди роҳ, рафъи пайомади бориши борон, омадани сел, лағжиши куҳпора, соҳилмустаҳкамкунӣ самти асосии фаъолият аст. Кӯшиш ба харҷ додем, ки дар ин матлаб фаъолияти ширкати мавриди назарро мухтасар ва бо истинод ба далелу рақамҳои раднопазир бозгӯй намоем:
Дар бораи зарурати фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД»
Шоҳид будем, ки бар асари бенизомию нобасомониҳои солҳои 90-уми асри ХХ кори нақлиёт, ҳолати роҳҳо, пулҳо ва иншооти дигар фалаҷ шуда буд. Ҳанӯз дар ҳамон вақт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо завқу идроки хоси сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ гуфта буданд, ки «… яке аз масъалаҳои мушкили Тоҷикистон роҳ, аниқтараш бероҳӣ мебошад. Истиқлоли иқтисодиро бе бунёди роҳҳои мошингард, хусусан, роҳҳо ва пулҳое, ки Тоҷикистонро бо дигар мамлакатҳо мепайванданд, тасаввур кардан душвор аст».
Биноан, Пешвои миллат аҳли кишварро бо азми қатъӣ ба сохтмону созандагӣ, эҳёи роҳу пулу иншооти инфрасохтори роҳдорӣ, ободониву бунёдкорӣ дар ҳама соҳа, пеш аз ҳама, дар соҳаи роҳу нақлиёт даъват карда, Ҳукумати кишварро муваззаф намуданд, то ҷиҳати бунёди инфрасохторе, ки Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ мебарорад, тадбирҳои зарурӣ андешад. Дар ин замина моҳи июли соли 2016 азнавсозии яке аз шоҳроҳҳои муҳими мамлакат, ки қисматҳои ҷанубу шимоли Тоҷикистонро ба ҳам пайванд намуд, оғоз гардид. Моҳиятан бо азнавсозии шоҳроҳи Душанбе — Айнӣ — Истаравшан — Хуҷанд — Бӯстон — Чаноқ он бо роҳи байналмилалии Қароқурум — Кулма — Хоруғ — Кӯлоб — Душанбе пайванд гардида, яке аз қисматҳои асосии Роҳи бузурги абрешим эҳё шуд.
Шуруъ аз соли 2010 тибқи шартномаи консессионӣ нигоҳдории шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе — Чаноқ ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуд. Лозим ба ёдоварист, ки интихоби ин ширкат тибқи муқаррароти қонунгузории мамлакат ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, шартномаи зикршударо мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат — Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонид.
Дар бораи пойгоҳи техникӣ ва рушди инфрасохтор
Ҳанӯз дар марҳилаи аввали фаъолият барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд пеш бурдани фаъолият аз ҷониби филиали Ширкат даҳҳо миллион доллари ИМА сармоягузорӣ шуда буд. Минбаъд, ин нишондиҳанда ба маротиб афзоиш ёфта, дар ин замина пойгоҳи техникии филиали ширкат ба 210 техникаву механизм расид. Дар масире, ки роҳи Душанбе — Чаноқ ҷойгир аст, ягон корхонаи истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонии барои бахши роҳсозӣ зарур вуҷуд надошт. Тӯли 13 сол дар минтақаи Варзоб 3 завод, Зарафшон — 3, Суғд — 4 завод, дар маҷмуъ, 10 корхона мавриди истифода қарор гирифтанд. Илова бар ин, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои муътабари байналмилалӣ, аз ҷумла, «Тексидел» зимни фаъолият технологияи муосир мавриди истифода қарор гирифта, ин раванд бемайлон идома дорад.
Дар бораи моҳияти пардохти ғайринақдӣ
Ҳадафи иқдоми мазкур боз ҳам беҳбуд бахшидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва фароҳам намудани шароити бароҳати гузариш аз плазаҳои толлингӣ мебошад.
Бо мақсади сарфа кардани вақт хатҳои иловагии гузариш сохта, ба истифода дода шуданд, ки дар муддати кӯтоҳ бо таҷҳизоти зарурии электронӣ ва таъминоти барномавӣ муҷаҳҳаз гардиданд. Бо ин мақсад механизми пардохти маблағи гузариш бо ёрии кортҳои толлингии электронӣ ва таҷҳизоте, ки дар оинаи пеши автомобилҳои сабукрав насб мешавад, ба роҳ монда шуд. Суръати хизматрасонии мизоҷе, ки аз ин намуди хизматрасонӣ истифода мебарад, дар қиёс ба ашхоси ба таври нақдӣ пардохткунанда фаврӣ аст.
Дар бораи муҳимияту зарурияти таъмиру таҷдиди роҳ
Ин фаъолияти асосии кормандони филиали ширкати мавриди назар аст. Зикр кардан бамаврид аст, ки фаъолияти асосии ширкат на дар плазаҳои толлингӣ, балки дар масири роҳи мошингард ба роҳ монда шудааст. Ҳар рӯз садҳо мутахассиси соҳибтаҷриба, устоҳои роҳ бо кумаки техникаи махсусгардонида ба тозакунӣ, таъмир машғул буда, кӯшиш мекунанд, то сифати он барои солҳои тӯлонӣ нигоҳ дошта шавад.
Аз аввали фаъолият «IRS» таъмири куллӣ ва ҷории роҳро шуруъ карда, дар муддати 13 сол зиёда аз 2 миллион метри квадратии роҳи Душанбе — Чаноқро таъмиру азнавсозӣ намуда, бо ин мақсад зиёда аз 230595 тонна асфалт сарф кард. Тӯли 13 сол нигоҳдорӣ ва азнавсозии 36 кӯпруки ин масир бо хароҷоти ниҳоят зиёд амалӣ шуд. Масалан, 3 пули калон, ки дарозии ҳар кадомаш аз 42 то 73 метр аст, пурра азнавсозӣ шудаанд.
Дар бораи эътимоди шаҳрвандон
Вақтҳои охир теъдоди шахсоне, ки баъд аз сафар тариқи роҳи Душанбе — Чаноқ арзи сипоси хешро ба роҳбарият ва кормандони филиали ширкат барои масъулиятшиносӣ мерасонанд, тамоюли афзоишро касб намудааст. Қаноатмандии шаҳрвандон асосан ба суръати баланди таъмиру таҷдиди роҳ, бетаъхир бартараф гардидани тармаҳо, мунтазам коркард шудани роҳ бо маводи зиддилағжиш, мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои нав, коҳиш ёфтани шумораи плазаҳо ва ғайра рабт дорад. Дар баробари омилҳои зикршуда, мардум аз зебову назаррабо будани роҳ, ки ба шарофати хатҳои уфуқӣ имконпазир гардидааст, изҳори қаноатмандӣ мекунанд.
Бо мақсади муайян сохтани талаботи истифодабарандагони роҳ аз ҷониби филиали Ширкат дар ҳар хати ҳаракати назди плазаҳои толлингӣ сандуқҳо барои арзу пешниҳодҳо гузошта шудаанд. Ҳамин тариқ, ҳар як истифодабарандаи роҳ метавонад пешниҳоду эродҳои худро ба таври хаттӣ баён намуда, дар сандуқи яке аз плазаҳои толлингии филиали Ширкат гузорад. Илова бар ин, хати доимоамалкунандаи филиали Ширкат — 487011020, сомонаи интернетӣ ва саҳифа дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” низ фаъол буда, дилхоҳ мусофиру ронанда метавонад шабонарӯзӣ занг зада, дархост ва эроди худро пешниҳод намояд.
Дар бораи таъсири офатҳои табиӣ
Роҳи зикршуда махсусиятҳо дорад, ки дар канори он ҷорӣ будани дарё ва дарёчаҳои тезоб яке аз онҳост. Дар фаслҳои баҳору тобистон баландшавии сатҳи оби ин дарёҳо падидаи маъмул буда, аз ин ҳисоб баъзе қисматҳои роҳ осеби ҷиддӣ мебинанд. Ҳодисаҳои ғайричашмдошти табиӣ дар роҳи Душанбе — Чаноқ хеле зиёд буда, роҳ мунтазам зери хавфи офатҳои табиӣ қарор дорад. Масалан, фаслҳои баҳору тобистон баландшавии сатҳи оби дарёҳо зиёд буда, баъзе қисматҳои роҳ осеби ҷиддӣ мебинанд. Аз ин лиҳоз, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар муддати 13 сол хеле зиёд амалӣ шуда, дар маҷмуъ, нишондиҳандаи марбут ба соҳилмустаҳкамкунӣ 50000 метри мураббаъ аст.
Фаъолияти хайриявӣ
Аз рӯзҳои аввали фаъолият ин масъала — пешбурди фаъолияти хайриявӣ мадди назар буда, ҳамон замон ба Хонаи кӯдакони №1-и шаҳри Душанбе таври мунтазам кумак расонида мешуд. Сипас, ин раванд тавсеа ёфта, филиали Ширкат сарпарастии Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзобро ба зимма гирифт.
Шоистаи зикр аст, ки филиали Ширкат муассисаи мазкурро мунтазам дастгирӣ намуда, таъмири толори варзишӣ ва бозсозии саҳни онро, ки дар ҳолати ногувор қарор доштанд, бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намуд. «IRS» ба муассисаи мазкур маҳсулоти хӯрокворӣ, мошинаҳои дарздӯзӣ, ҷомашӯӣ, қолин, таҷҳизот барои ошхона, мизу курсӣ, асбобҳои гармидиҳӣ, катҳои хоб ва ғайра низ тақдим намудааст.
Ба ғайр аз ин, намояндагони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» таври мунтазам ба аёдати иштирокчиёни ҶБВ ва собиқадорони меҳнат рафта, ба онҳо кумаки моддӣ мерасонанд. Ҳамрадиф бо иқдомоти зикршуда, аз ҷониби филиали Ширкат барои зарардидагони заминларзаи шаҳри Ваҳдат манзили истиқоматӣ бунёд ва лавозимоти зарурӣ таъмин гардид. Бар замми ин, дар арафаи санаҳои муҳим ва рӯйдоди фараҳбахш тӯйи суннатии фарзандони оилаҳои камбизоат низ баргузор карда шуд.
Далер АБДУЛЛО, журналист
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ