Ҳамаи қурбониёнро «аз пушти сар паррондаанд»

Ба гуфтаи як корманди Вазорати корҳои дохилии Украина, неруҳои Русия рӯзи 3-юми апрел шаҳри Одессаро дар соҳили Баҳри Сиёҳ ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор додаанд.

Дар саҳифаи Телеграм Антон Герашенко навишт, ки «дар баъзе минтақаҳо сӯхтор сар зад. Баъзе аз мушакҳоро тавассути системаи дифои зиддиҳавоӣ зада гардонданд». Ин ҳамларо Маҷлиси шаҳри Одесса низ тасдиқ менаомяд.

Владимир Мединский, раҳбари ҳайати музокиракунандаи Русия бо Украина, дар Телеграм навишт, ки пешрафти кофӣ барои мулоқоти раҳбарони ду кишвар ҳосил нашудааст.

Бино ба гуфтаи ӯ «мавқеи Русия нисбат ба Қриму Донбасс бетағйир мемонад». Маскав соли 2014 нимҷазираи Қрими Украинаро тасарруф кард ва пеш аз ҳамлаи моҳи феврали имсол вилоятҳои Луҳанску Донетскро дар шарқи Украина ба ҳайси давлатҳои мустақил шинохт.

Бино ба иттилои хабарнигори «Франс-Пресс» дар Одесса, тақрибан соати шаши субҳи якшанбе садои таркишҳо шунида шудааст. Ӯ мегӯяд, ба чашмони худ дид, ки қариб аз се ҷой дуди сиёҳ ба осмон мепечид.

Шаҳри бузургтарин дар соҳили Баҳри Сиёҳ — Одесса тақрибан 1 миллион аҳолӣ дорад, ки ҳанӯз ҳам зери назорати Украина қарор дорад.

Вазорати дифои Русия рӯзи 3-юми апрел гуфт, ки ба корхонаи коркард ва анбори нафт дар наздикии шаҳр зарба зад. Вазорат гуфт, ки неруҳои онҳо 28 иншооти низомии Украинаро дар саросари ин кишвар нишон гирифтаанд.

Владимир Зеленский рӯзи 2-юми апрел ҳушдор дод, ки Русия дар ҷануби ин кишвар ба «зарбаҳои сахт» омода мешавад, дар ҳоле ки неруҳояшро аз манотиқи атрофи Киев ва Чернихов дар шимол берун мекашад.

Дар шаҳри бандарии Мариупол ҳудуди 100 ҳазор ғайринизомӣ дар муҳосираи неруҳои Русия мондаанд. Таҳлилгарон бар ин боваранд, ки Русия қасд дорад ин шаҳрро забт кунад, то аз Донбасс ба Қрим роҳи заминӣ эҷод намоя.

Муовини сарвазири Украина Ирина Верешчук рӯзи 3-юми апрел гуфт, ки ҳафт мусофирбар бо намояндагони Салиби Сурх талош хоҳанд кард, то ба Мариупол ворид шаванд. Ба гуфтаи вай, дар умум, 17 автобус кӯшиш доранд мардуми осоиштаро аз Мариупол ва шаҳри бандарии Бердянск берун оранд.

Салиби Сурхи байналмилалӣ як рӯз пеш аз кӯшиши фиристодани корвони мусофирбарҳо ба онҷо, ба далели ноором будани вазъ дар минтақа, даст кашида буд.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина гуфт, ки муқовимати Мариупол ба Киев барои бозпас гирифтани қаламраваш дар шимол «фурсати бебаҳо» додааст. Зеленский айни замон неруҳои Русияро дар эҷоди «фалокат» дар берун аз Киев ва гузоштани минаҳо ва домҳои «тарканда» дар саросари кишвар муттаҳам кард. Раиси шаҳри Буча дар канори Киев рӯзи 2-юми апрел гуфт, дар тӯли як моҳе, ки неруҳои Русия шаҳрро дар ихтиёр доштанд, ҳудуди 300 сокини маҳаллиро куштанд. Мири шаҳр Анатолий Федорук ба «Франс-Пресс» гуфтааст, ҳамаи қурбониёнро «аз пушти сар паррондаанд».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *