Ҳамаи дастаҳои даври финалӣ маълум шуданд
Даври интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни наврасон ба анҷом расида, дар пайи он ҳамаи дастаҳое, ки дар финал бозӣ мекунанд, маълум шуданд. Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё байни дастаҳои наврасони то 17-сола аз 3 то 20-уми майи соли оянда баргузор мешавад. То ҳол макони баргузории мусобиқа муайян нашудааст.
Ба ҷуз аз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки дар гуруҳи «Н» мақоми аввалро касб кард, ғолибони нуҳ гуруҳи дигар — Ҷопон (гуруҳи «А»), Малайзия (гуруҳи «В»), Қатар (гуруҳи «С»), Арабистони Саудӣ (гуруҳи «D»), Яман (гуруҳи «E»), Ветнам (гуруҳи «F»), Австралия (гуруҳи «G»), Эрон (гуруҳи «I») ва Ўзбекистон (гуруҳи «J») ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфтанд.
Аз байни дастаҳое, ки дар гуруҳҳои худ бо натиҷаҳои беҳтарин ҷойҳои дуюмро гирифтанд, шаш даста ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат гирифтанд, ки инҳо Кореяи Ҷанубӣ (гуруҳи «J»), Чин (гуруҳи «G»), Афғонистон (гуруҳи «H»), Ҳиндустон (гуруҳи «D»), Тайланд (гуруҳи «F») ва Лаос (гуруҳи «I») ҳастанд.
Ҳамин тавр, 16 даста ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни наврасон (U-17) роҳ ёфтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ