Ҳамдардии Президенти Тоҷикистон ба мардуми Эрон
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба марги фоҷиавии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба мардуми ин кишвар ҳамдардӣ кард.
Дар номаҳои арзи тасалӣ гуфта шуд, ки хабари даргузашти фоҷеавии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш боиси андуҳи гарони мо ва тамоми мардуми Тоҷикистон гардид.
“Мо ба шахсияти Сайидиброҳим Раисӣ ҳамчун арбоби барҷастаи давлатӣ арҷ мегузорем, саҳми созандаи зиндаёдро дар рушду нумӯи ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Эрон, ҳалли масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ баланд арзёбӣ менамоем”, — таъкид кард Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти Тоҷикистон дар робита ба ин талафоти бузург ба мардуми дӯсту бародари Эрон, аҳли хонавода ва наздикони фавтидагон ҳамдардӣ ва таслияти самимӣ иброз намуда, аз Худованди мутаол барои шаҳидшудагон раҳмату мағфират ва ба мардуми кишвари дӯсти Эрон сабри ҷамил хост.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гуфт, мардуми Тоҷикистон Дар ин лаҳзаҳои ғамангез дар канори Эрон ва мардуми он ҳастанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ