Ҳамдардии Сафорати ИМА ба хонаводаи Аловуддин Абдуллозода
Сафорати Амрико дар Душанбе аз даргузашти нобаҳангоми ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллозода изҳори андуҳ карда, ба хонавода ва наздикони ӯ ҳамдардӣ баён намудааст.
Сафорат зикр кардааст, ки Аловуддин Абдуллозода дар ҳамкорӣ бо Агентии USAID дар таҳияи як силсила барномаҳои телевизионии таълимӣ бо номи “Бурро-бурро мехонам” ва “Вақти хониш» саҳми бузурги худро гузоштааст.
Ёдовар мешавем, ки Аловуддин Абдуллозода, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори хушном рӯзи 17-уми феврал бар асари сактаи қалб аз дунё гузашт.
Ҳунарпешаи кино ва театр Аловуддин Абдуллозода 15-уми майи соли 1965 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таваллуд шуда, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро соли 1989 хатм намудааст. Фаъолияи ҳунарии хешро дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Бохтар ҳамчун ҳунарпеша ва коргардон оғоз намуда, роҳбарии театрро низ ба уҳда дошт.
Солҳои охир ба ҳайси сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон фаъолият намудааст.
Марҳум дар намоишҳои “Моҷарои имтиҳон”, “Антигона”, “Табиби зӯракӣ”, “Бозиҳои манфиатҷӯёна”, “Ҳиллаҳои Аҷузкампир”, “Лаку Пак”, “Шаби гирифтани моҳ”, “Найрангҳои Скапен”, “Масал бигӯ, Эзот” нақшҳои марказиро бозидааст.
Дар филмҳои “Братан”, “Падари моҳтобӣ”, “Туҳмат”, “Чоҳ”, “Қиёми рӯз”, “Шоҳид”, “Интихоби ман”, “Фарзанди бегона”, “Қарзи виҷдон” ва ғайраҳо нақшҳои хотирмону диданӣ офаридааст.
Дар барномаи телевизионии “Шӯхиҳои Аловуддин” бо офаридани нақшҳои ҳаҷвии хеш писанди хосу ом гаштааст.
Дорандаи ҷоизаҳои Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2006), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2013) мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ